Пограничный пункт, архивное фото

Толибон ҳашт гаравгони “Шерхон-Бандар”-ро озод карданд

4
(Таҷдидшуда 13:56 09.12.2014)

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Толибоне, ки аксаран тоҷиктаборанд, ҳашт корманди гузаргоҳи марзии "Шерхон-Бандар"-ро раҳо карда, 4 нафари дигарро ҳамоно дар асорати худ нигоҳ медоранд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин 12 корманди гузаргоҳи марзии Шерхон-Бандар шаби 26 ба 27-уми ноябр рабуда шуда буданд ва толибони тоҷиктабор барои раҳоии кормандони гузаргоҳ озодии як ҷавони фаранҷипӯши тоҷик бо номи Абдураҳмони Ҷаъфарро мехостанд, ки моҳе пеш аз тарафи ниҳодҳои амниятии Афғонистон боздошт шудаааст.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Қундузи Афғонистон гуфтааст, ин ҳашт корманди гузаргоҳ ба хонаҳои худ расидаанд ва ҳанӯз пулис бо онҳо сӯҳбат накардааст.

"Ҳоло мо намедонем, ки чаро ин 8 нафарро раҳо кардаанд ва боқиро бо худ нигоҳ доштаанд. Онҳо талаб доштанд, ки ҳамон ҷавони тоҷикистониро раҳо кунед, аммо ин кор ғайримумкин буд. Мо фардо бо раҳошудагон сӯҳбат мекунем ва аз вазъи дигар нафарони дар гаравбуда пурсуҷӯй хоҳем кард. Муҳим ҳамин аст, ки ин ҳашт нафар бидуни осебе дар хонаҳои худ ҳастанд", — афзудааст Ҳусайнӣ.

"Шерхон-Бандар" дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи марзии "Панҷи Поён" —и Тоҷикистон воқеъ аст ва пули иртиботии бузурге ин ду гузаргоҳро ба ҳам мепайвандад. Ин пул соли 2007 аз ҷониби Амрико бо харҷи зиёда аз 30 миллион доллар сохта шудааст.

Сухангӯи пулиси Қундуз гуфт, Абдураҳмон Ҷаъфарро аллакай ба Кобул интиқол додаанд ва тафтиши парвандаи ӯ бо ҷурми ширкат дар ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлати Афғонистон идома дорад. Бино бар ин манбаъ, азбаски Абдураҳмон аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст, то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

Ӯ афзуд, ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин шаҳрванди худ ба ҷониби онҳо муроҷиат накардаанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ гуфтааст, дар сурати чунин муроҷиат имкони истирдоди Абдураҳмон ба Душанбе вуҷуд дорад.

4
Барчаспҳо:
раҳоӣ, Толибон, Абдураҳмон Ҷаъфар, Ҳусайнӣ, Шерхон-Бандар, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон 20 нафар осеб дидаанд