На скамье подсудимых. Архивное фото

Дар нисбати чаҳор "салафӣ" дар Кӯлоб ҳукм эълон шуд

4
(Таҷдидшуда 15:05 15.12.2014)
Додгоҳ дар нисбати чор ҷавон ба мӯҳлатҳои гуногун ҳукм эълон кард, аммо пайвандони онҳо ба бегуноҳии эшон таъкид намуда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурданианд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Рӯзи чоршанбеи 10 октябр, додгоҳи минтақаи Кӯлоб чаҳор  нафареро, ки дар се моҳи пеш бо гумони пайравӣ ба ҷараёни ифротгарои "Салафия" дар ноҳияи Фархор боздошт шуда буданд, мутаносибан ба 5 ва 6 солу 2 моҳ маҳкум ба зиндон кард, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

"Додгоҳ нисбати Эраҷ Алиев, Идрис Эсанов ва Баҳром Абдуғафоров ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати  5- солӣ ва барои Абдураҳмон Исмонов 6 солу ду моҳи зиндонро раво донист",-омадааст дар хабар.

Ин ҷавононро, ки аз 30 то 35 сол доранд, мақомоти интизомӣ моҳи июли соли ҷорӣ ба гумони пайравӣ аз ҷараёни тундрав ва мамнӯъи "Салафия" дар бозори марказии ноҳияи Фархор замоне боздошт кардаанд, ки чанде аз онҳо дар дохили фурӯшгоҳ  ақоиди ин равияро тарғиб мекарданд. Масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки ин афродро мутобиқи моддаи 189, қисми 2, банди "г", яъне, "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ки аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шудааст" муҷрим шинохта шуда ва маҳкум ба зиндон шуданд.

"Ин афрод аз дер боз бо рафторҳои ғайримаъмулии худ зери назари мақомот қарор доштанд ва онҳо замоне боздошт шудаанд, ки дигар шубҳае ба шомил будани онҳо дар ҷараёни "Салафия" боқӣ намонда буд",- мегӯяд  Эмомалӣ Амиров, масъули Кумитаи кор бо дин дар ноҳияи Фархор.  Ба қавли ӯ, мутаассифона, бархе аз ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ шомил гардида, ба амалҳои хилофи шариату қонун давом медиҳанд.

Абдуғаффор Абдураҳмонов, падари Баҳром Абдуғаффоров гуфтаст, фарзандаш ба ҳеҷ равияи ғайриқонуние шомил набуд.  Ӯ мегӯяд, фарзандаш дар бозори марказии Фархор тиҷорат дошт ва ҳеҷ гоҳе мушоҳида накардааст, ки чӣ дар хона ва ё ҷои кор ӯ дар мавзӯи мазҳабӣ сӯҳбату баҳс карда бошад.  

"Бачаи беақл набуд, ки ба чунин роҳ равад. Омаданд, бе ягон асос хонаашро кофтанд. Фақат риш дошт, вале умуман дар бораи ин равияҳо чизе намедонист. Ӯ қонунро хуб медонист ва   ҳеҷ гоҳ коре хилофи қонун намекард. Бовар дорам, ки ӯ бегуноҳ аст. Ҳоло барояш вакили дифоъ мегирам ва бовар дорам, ки озод мешавад",-илова кард падари маҳкумшуда.

Дар ду соли гузашта беш аз 10 нафар дар ин минтақа бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи салафӣ ё ҳамдастӣ бо он ҷазо гирифта,  бархе аз онҳо бар пояи Қонуни афви арафаи 20-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон аз маҳбас озод шудаанд.

Ҷараёни "Салафия" тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон сар аз соли 2008 дар ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон шуд.  

 

4
Барчаспҳо:
ҳабс, ҷазо, зиндон, ҳукм, додгоҳ, Додгоҳи Фархор, Кумитаи кор бо дин, Салафия, Исмонов, Эсанов, Алиев, Абдуғаффоров, Абдураҳмонов, Амиров, Тоҷикистон