ВАО: СММ ба Садриддин Тошев маҳбуси тоҷик, ҷавоби рад дод

6
Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал ба номаи Садриддин Тошев, ки соли гузашта навори шиканҷааш дар зиндони Хуҷандро “саҳнасозӣ” ва “дурӯғ” номида буд, ҷавоби рад додааст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал гуфтааст, парвандаи эҳтимоли шиканҷа шудани зиндонии тоҷик — Садриддин Тошев, маъруф бо лақаби "Қорӣ"-ро, ки аз ҷумла ба терроризм гунаҳкор дониста шудааст, баррасӣ намекунад, менависад "Радиои Озодӣ".

"Азбаски маҳбуси тоҷик дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, посбонҳои зиндон ӯро азобу шиканҷа накардаанд, аз ин сабаб, ариза барои дахолат ба қазияи Садриддин Тошев ба баррасӣ гирифта намешавад", — омадааст дар номаи ҷавобии кумита ба Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев.

Садриддин Тошев ва як ҳамроҳи дигараш Суннатуло Ризоев, ки дувумӣ барои авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, моҳи сентябри соли 2013 ба он гунаҳкор дониста шуданд, ки гӯиё аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи худашон нашр карданд. Дар видеоҳое, ки соли 2013 баъди марги Ҳамза Икромзода, як маҳбуси тоҷик нашр шуд, Тошев ва Ризоев баданҳои худро нишон дода мегуфтанд, доғҳои кабуду сурх, осори латту кӯби посбонҳои зиндон аст.

Садриддин Тошев, ки баъди 20 соли адои зиндон барои озодиаш бештар аз 3 сол монда буд, соли 2014 барои нашри ин видеоҳо ба 9 соли дигари зиндон маҳкум шуд. Баъд аз инъикоси васеи видеоҳо дар матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ худи Садриддин Тошев моҳи августи соли 2014 дар як мусоҳиба дар ҳузури раҳбарони раёсати зиндонҳои Вазорати адлия гуфт, видеоҳои шиканҷаи худашу Ризоев "саҳнасозӣ ва дурӯғ" буд.

Вале Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ин изҳорот зери фишор буд ва шиканҷа шудани зиндониён воқеият дорад.

"Ман медонам, ки ӯро фиреб додаанд. Ӯ айни замон дар як вазъияте қарор дорад, ки дигар илоҷ надорад ва маҷбур аст, ба ҳамин чизҳо розӣ шавад. Шояд ба ӯ фишор оварданд, ба ҳамин натиҷа оварда расонданд. Вале новобаста аз ин, Кумитаи муқобила бо шиканҷа ба ман посух дод, ки парвандаи Тошев мавриди баррасӣ қарор намегирад", — мегӯяд Воҳидова.

Вакили дифои Тошев моҳи декабри соли 2014 бо муроҷиат ба кумита хост, бо истифода аз салоҳиятҳояш ба қазияи мазкур дахолат кунад ва иҷоза надиҳад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон, Садриддин Тошевро барои адои ҷазо ба зиндони низомаш махсуси Қӯрғонтеппа баранд. Зеро, ба навиштаи ӯ, эҳтимол Тошевро дар онҷо азобу шиканҷа кунанд. Мақомоти сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия ингуна иддаоро рад мекунанд.

Садриддин Тошевро ду даҳсола пеш барои бандитизму терроризм ва одамрабоӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба 25 соли зиндон маҳкум карданд ва ӯ ҳоло дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад. Пештар аз посухи Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Милал, рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд парвандаи Садриддин Тошевро баррасӣ кард ва ҳукмашро бетағйир гузошт. Файзиннисо Воҳидова ба 9 соли зиндон дар маҳбаси низомаш махсус маҳкум шудани Тошевро ноодилона номид ва аз додгоҳи вилоятӣ хост, ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро бознигарӣ ва сабук кунад ва Садриддин Тошевро ба зиндони низомаш махсус нафиристанд.

6
Барчаспҳо:
шиканҷа, ҷавоби рад, муроҷиат, СММ, Суннатуло Ризоев, Файзинисо Воҳидова, Садриддин Тошев, Душанбе