Намозгузорӣ дар масҷид. Акс аз бойгонӣ

Боздошти як шаҳрванд барои дуздӣ дар рӯзҳои намози ҷумъа

13
(Таҷдидшуда 18:03 06.02.2015)
Тафтиши қазия баъд аз он шурӯъ шуд, ки бархе аз сокинони водии Рашт ба мақомот дар мавриди гум шудани молу ашёҳояшон шикоят бурданд.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30- солаи ноҳияи Рашт хабар дод, ки барои чандин ҳолати дуздӣ дар масҷидҳои ин минтақа муттаҳам мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии Озодагон

Ба иттилои сарчашма, дастгиршуда Мулло Фозилов, истиқоматкунандаи кӯчаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, вақти намозхонӣ дар масҷид аз шумораи зиёди намозгузорон истифода бурда, маблағ ва дигар ашёҳои гаронарзиши онҳоро медуздидааст:

"Дар пайи шикоятҳои зиёди намозгузорон аз гумшавии ашё ва маблағ шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Рашт таҳоратхонаҳоро таҳти назорат қарор дода, муттаҳам дар дуздиро ошкор ва боздошт кардааст",- афзуд манбаъ.

Ба иттилои мақомоти пулис, тафтишот нишон додааст, ки Мулло Фозилов ба масҷид на барои адои намоз, балки барои анҷоми амали ҷиноии худ омада, аксаран фурсати муносиб — рӯзҳои ҷумъаро интихоб мекардааст: "Боздоштшуда қаблан низ барои дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Феълан 6 далели дуздӣ аз ҷониби Фозилов ошкор шудаанд".

Айни замон  алайҳи Мулло Фозилов тибқи моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

13
Барчаспҳо:
медуздидааст, моддаи 244, дуздӣ, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Мулло Фозилов, Ғарм, Рашт, Тоҷикистон