Додгоҳи шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дархости вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов рад шуд

2
(Таҷдидшуда 14:07 20.02.2015)
Додгоҳи Душанбе аризаи шикоятии вакилони Маҳмудовро рад кардааст ва қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳабси думоҳаи зерҳимояашонро бетағйир гузоштааст.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви ҲНИТ-ро барои дар озодӣ гузаронидани муҳлати тафтишот, рад кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Вакилони Маҳмудов аз болои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Додгоҳи Душанбе шикоят бурда буданд.

Ҳамин тавр, Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ, мушовири раиси ин ҳизб ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар давраи думоҳаи тафтишоти парвандааш, дар СИЗО хоҳад монд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Маҳмудов 20 феврал ба ин расона гуфтааст, додгоҳи Душанбе аризаи шикоятии онҳоро рад кард ва қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳабси думоҳаи зерҳимояашонро бетағйир гузоштааст.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, 19 феврал дар пурсиши муфаттишони парвандаи Маҳмудов ширкат доштанд ва зерҳимояашон дар баёноти худ гуфтааст, ки бинобар ноором будани вазъият дар Душанбе дар солҳои фаъолияти Комиссияи муштараки оташбас, раиси Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик барои аминияташ ба вай тапонча додааст.

Ин узви ҲНИТ 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуд.

2
Барчаспҳо:
ҳабс, силоҳ, иттиҳом, шикоят, рад, озодӣ, дархост, боздошт, додгоҳ, ҲНИТ, КМИР, Ҷалолиддини Маҳмуд, Бузургмеҳр Ёров, Исмоили Сомонӣ, Душанбе
Мавзуъ
ҲНИТ боздошти Маҳмудовро амали аз қабл тарҳрезишуда номид
Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад