Утоқи зиндони вижа. Акс аз бойгонӣ

Озодлик: дар Ӯзбакистон "ҷаллод"-ро зиндонӣ карданд

13
(Таҷдидшуда 17:37 20.02.2015)
Хабари боздошти Нозим Ҷумаев, муллақаб ба “Ҷаллод” дар Ӯзбакистон, ки якуним моҳ қабл маҳбасӣ шуд, ҳамакнун ба дасти радиои “Озодлик” расид. Тибқи иттилоъи манобеъи радио, вай дар иқрори иттиҳомот нисбати 12 корманди собиқи амниятӣ марбут ба тиҷорати ғайримуҷоз, фасодкорӣ ва сирқати маболиғи давлатӣ нақши умда дошт.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Нозим Ҷумаев, тибқи иттилоъи манобеъи радио, бар асоси моддаи 273 қонуни ҷиноии Ӯзбакистон, яъне дар тавлиди ғайримуҷоз, харид ва нигаҳдории маводди мухаддира ва мадҳушкунанда муттаҳам шудааст, менависад Озодлик.

Ба иддаъои ин манобеъ аз Нозим Ҷумаев ним килограмм маводди мухаддир забт шудааст. Манобеъи дигар мегӯянд, ки ӯро "барқасдона аз саҳна дур карданд", зеро вай ба асрорҳои Идораи амнияти миллӣ рабт дошт.

"Ҷаллод" дар хидмати ИАМ?

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ки Нозим Ҷумаев "даҳандарозӣ" ва навиштани баёноти иқрории кормандони ИАМ ба ҳангоми бозпурсиро таъмин мекард.

Радиои "Озодлик" соли гузашта навишта буд, ки Нозим Ҷумаев кормандони ИАМ дар зиндони шумораи 64/21 шаҳри Бекобод шиканҷа мекард.

Пайвандони кормандони собиқи ИАМ, ки дар зиндони Бекобод ҳукми худро адо мекарданд, водор шуда буданд, ки маблағҳои зиёдеро пардохт кунанд, ки Ҷумаев ба назди зиндониҳо наояд.

Ба иттилоъи манобеъи радио, вай дар иқрори иттиҳомоти 12 корманди собиқи ИАМ дар тиҷорати ғайриқонунӣ, фасод ва сирқати маболиғи давлатӣ нақши умда доштааст.

Баъд аз он ки дар моҳи декабри соли гузашта кормандони ИАМ барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд худи Нозим Ҷумаев низ равонаи зиндон шуд.

Вай аз бисёр асрор огаҳӣ дошт?

Манобеъи радио, ки ӯро мешинохтанд, мегӯянд, ки боздошти вай ба "ним килограмм маводди мухаддир" рабт надорад.

"Нозим Ҷумаев дар ҷаҳони ҷиноӣ шахси саршинос ва соҳиби тарабхонаи "Голубие купола" дар Бухоро аст. Ҳеч бовар кардан мумкин нест, ки иҷроишгари дастурҳои ИАМ метавонист бо худ ним килограмм маводди мухаддир гирифта гардад. Ҷумаев аз асрорҳои бузург огаҳ буд ва ба ин далел ӯро зиндонӣ карданд. Мутмаъинам, ки дар паси пардаи боздошти вай ИАМ меистад", — гуфт манбаъ.

Муаллифи китоб дар бораи зиндонҳои Ӯзбакистон, собиқ зиндонӣ Сафар Бекҷон мегӯяд, ки то Нозим Ҷумаев, "ҷаллод"-и дараҷаи аввал дар зиндонҳои Ӯзбакистон Кулимбетов буд. Баъд аз он ки Кулимбетов аз сӯйи олами ҷиноӣ ба қатл расид, вазифаи шиканҷаи зиндониҳои саршинос ба Ҷумаев гузашт.

"Нозими ҷаллодро дар Бухоро ҳамчун шахси бераҳм медонистанд. Тоҷирони бухороӣ ба вай пора медоданд. Масалан, ресторан дар Бухороро ба вай ширкати мебелсозии "Музаффар Файз" тақдим кардааст", — хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи вай, Ҷумаев ба рэкет ва тамаъҷӯӣ аз солҳои 90 асри гузашта машғул буд. Вай се маротиба ба иттиҳоми рэкет, тамаъҷӯӣ ва қатл зиндонӣ шуда буд.

Вай асосан дар Маскав зиндагӣ мекард. Тиҷорати ӯро дар Бухоро писараш раҳбарӣ мекард.

13
Барчаспҳо:
боздошти ҷаллод, "ҷаллод", боздошти чеҳраи ҷаҳони ҷиноӣ, ИАМ, Сафар Бекҷон, Нозим Ҷумаев, Бекобод, Бухоро, Ӯзбекистон, Маскав