Дар Туркия се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуданд

© Flickr \ Elvert BarnesБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба навиштаи расонаҳо, дар миёни се нафари дастгиршуда Сулаймон Қаюмов, ки ба ош заҳр омехта буду дар пайи он хонаводаи Қувватов заҳролуд шуд, боздошт шудааст. Ҳамчунин фарде, ки ба Қувватов тир парронд ва шарикаш боздошт шудаанд. Хабар дода шудааст, ки ин қатл фармоишӣ буд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Се фарди муттаҳам дар қатли раҳбари созмони "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов дар Истамбул, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълом шудааст, дар Туркия боздошт шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Қувватов рӯзи ҷумъаи гузашта дар Истамбул дар пайи паррондани тир ба сараш кушта шуд. То замони қатл вай бо ҳамватанаш ғизои шом хӯрд ва баъд аз он Қувватов ва аҳли хонаводааш худро бад эҳсос карданд. Ин мухолиф аз сӯйи афроди ношинос ҳангоме кушта шуд, ки ба хиёбон баромад то хонуму фарзандонашро ба бемористон бубарад. Хонуми Қувватов Қумриниссо Ҳафизова ва ду фарзандаш ба далели масмумият дар бемористон бистарӣ шуданд.

Дар миёни боздоштшудагон ба навиштаи рӯзномаи Cumhuriyet, ки ба Ҳафизова истинод мекунад, Сулаймон Қаюмов, ки ба ош заҳр омехта карда боиси заҳролудшавии хонаводаи Қувватов гардид, низ будааст. Ҳамчунин фарди ҳамлакунанда ба Қувватов ва шарикаш боздошт шудаанд. Хабар дода шудааст, ки ин қатл фармоишӣ буд.

Стамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд

Қувватов — раҳбари созмони мухолифи "Гурӯҳи 24", ки соли 2012 баъд аз фирораш аз Тоҷикистон таъсис шуда буд, мебошад. Дар кишвари худ Қувватов дар ширкати "Фароз" кор мекард, ки аз сӯйи яке аз пайвандони раиси ҷумҳур таъсис шуда ба воридот ва фурӯши маводи сӯзишворӣ машғул буд. Қувватов изҳор медошт, ки дар пайи таҳдидҳо аз сӯйи раҳбарият кишварро тарк кардааст. Дар соли 2012 вай нахуст ба Маскав рафт ва вақте ки Тоҷикистон истирдоди ӯро тақозо кард, вай ба Дубай омад ва соли 2013 бо дархости мақомоти тоҷик дар он ҷо боздошт шуд. Вале ӯро ба ватан истирдод накарданд ва ӯ ба Туркия кӯч баст ва дар моҳи ноябри соли 2014 дар он ҷо ҳамроҳи се нафар ҳамтояш барои нақзи муқаррароти будубош боздошт ва баъд аз як ҳафта озод шуданд.

Қувватов ва ҳамтоёнаш мукарраран ба далели фасодкорӣ ва маҳаллгароӣ аз мақомоти Тоҷикистон интиқод мекарданд. Дар авоили моҳи сентябри соли 2014 онҳо сокинони Душанберо ба гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди бинои порлумон дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон даъват карданд, вале ин ҳамоиш баргузор нашуд. Ҷунбиши "Гурӯҳи 24" дар ҳамон моҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва тундгаро эълом шуд.

Лентаи хабарҳо
0