Муаттара Ҷӯраева аз сӯи додгоҳ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

© SputnikМуаттара Ҷӯраева дар Facebook. Акс аз бойгонӣ
Муаттара Ҷӯраева дар Facebook. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дар ҳолест, ки Муаттара Ҷӯраева зимни сухани ниҳоияш 17 март изҳор доштааст, ки қаллоб нест ва ҳеч гоҳ чунин ният ҳам надошт.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 17-уми март Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистонро ба иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кард, менависад оҷонсии "Озодагон".

Талаби даҳ соли зиндон барои Муаттара Ҷӯраева

Додраси парванда зимни эълони ҳукм гуфт, бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам карда мешавад. Ӯ инчунин илова намуд, ки баъди адои ҷазо Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Муаттара Ҷӯраева зимни сухани ниҳоияш 17 март изҳор доштааст, ки қаллоб нест ва ҳеч гоҳ чунин ният ҳам надошт.

Олия Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба оҷонсӣ гуфтааст духтараш худро гунаҳкор намеҳисобад.

"Вай гуфт, қаллобӣ накардааст ва ҳамаи маблағҳоеро, ки гирифтааст, ҳамчун қарз гирифта, қарздиҳандагон онро ихтиёрӣ додаанд. Агар каме сабр мекарданд, ман он қарзҳоро бармегардондам. Ҳеч гоҳ нияти қаллобӣ надоштам", — афзудаст Олия Ҷӯраева аз қавли духтараш.

Муаттара Ҷӯраева таъкид намудааст, ки дар сурати озодияш қарзҳоро бозпас хоҳад дод.

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12-уми март дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои Муаттара Ҷӯраева 10 соли зиндон талаб карда, афзуда буд, ки бо татбиқи қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлат кам шавад.

Аз ин пештар Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълон карда буд, ки Муаттара Ҷӯраева, наттоқи собиқи телевизиони Тоҷикистон, ки 13 октябри соли гузашта ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт гардид, иқрор кардааст, ки аз чанд нафар маблағ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Дар маҷмӯъ маблағи гирифтаи Ҷӯраева беш аз 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва дар сурати баргардонидани ин маблағ тибқи қонуни нави афв озод хоҳад шуд, иттилоъ дода буд Оҷонсӣ.

Ин ниҳод бо пахши иттилоияи расмӣ гуфта буд, ки Муаттара Ҷӯраева аз моҳи майи соли 2013 бо баҳонаи таъмири тарабхонаи ба иҷора гирифтаи худ бо номи "Санавбар" дар Душанбе аз афроди гуногун қарз гирифта барнагардондааст. Аз ҷумла ба гарави ҳуҷҷатҳои хонаи зисти шаҳрванд Муллоев Н.А. 24300 доллар гирифта, дар таъмири тарабхона ва дигар манфиатҳои шахсии худ харҷ намудааст ва то ҳол на қарзу на ҳуҷҷатҳои хонаро барнагардонидааст. Ин ниҳод мегӯяд, Ҷураева инчунин қарзҳои дигар ва ҳаққи сохтмончиёне, ки дар тарабхонаи ба иҷорагирифтааш кор мекардаанд, надодааст. Баробари ин маблағи қолинҳои аз бозори Султони Кабир гирифтааш, ки ҳудуди 3370 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барнагардондааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод гуфта буд, ки дар сурати пардохти ин ҳама маблағҳо собиқ ситораи телевизион озод хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0