Тафтишоти парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов ба итмом мерасад

© SputnikАкси Ҷамолиддин Маҳмудов дар сомонаи расмии ҲНИТ
Акси Ҷамолиддин Маҳмудов дар сомонаи расмии ҲНИТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов мегӯянд, интизор доранд, ки то чанд рӯзи дигар тафтишоти зерҳимояашон ба итмом бирасад. Маҳмудов барои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 20 мар- Sputnik. Ҳафтаи равон тафтишоти парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви боздоштшудаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба итмом расад, навиштааст оҷонсии "Озодагон" аз қавли вакилони мудофеи Маҳмудов.

Дархости вакилони Ҷамолиддин Маҳмудов рад шуд

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз се вакили мудофеи ҷаноби Маҳмудов 20 март ба оҷонсӣ  гуфтааст, эҳтимол дорад, ҳафтаи равон тафтишоти парвандаи зерҳимояашон ба поён расад. Раҳмонӣ, ки се рӯзи пеш бо Маҳмудов мулоқот кардааст, вазъи ӯро хуб арзёбӣ карда, афзуд, то ҳол аз чизе шикоят накардааст.

"Ҷаноби Маҳмудов аз фишор ё чизе дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба мо шикоят накардааст ва вазъаш ҳам хуб аст", — афзудааст Раҳмонӣ.

Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд. Ӯ рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид.

Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ёров: "Ҷалолиддин Маҳмудов айбро қисман ба дӯш гирифт”

Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.

Вале Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, "бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".

Ҷамолиддин Маҳмудов ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, рӯзи 13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир кард.

Лентаи хабарҳо
0