Як шаҳрванди Русия дар Панҷ аз сӯи пулис кушта шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкКорманди мақомот бо завлона. Акс аз бойгонӣ
Корманди мақомот бо завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, як шаҳрванди мусаллаҳи Русия аз сӯи пулис дар ноҳияи Панҷ кушта шудааст. Ӯ ҳудуди 10 рӯз қабл ҳангоми талоши убури марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, боздошт шуда буд.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Як шаҳрванди Русия, ки дар ноҳияи Панҷ дастгир шуда буд ва дар боздошт ба сар мебурд, ҳангоми фирор аз беморхонаи ин ноҳия ва дар амалиёти кормандони пулис, кушта шудааст, менависад сомонаи ВКД.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел бо пахши як иттилоия гуфт, ҳодисаи куштори ин нафари мусаллаҳ баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 23 апрел иттифоқ афтодааст.

Дар ҳамин ҳол, навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ рӯзи 24 апрел дар шарҳи ин ҳодиса ба "Радиои Озодӣ" гуфтааст, шаҳрванди боздоштшудаи Русия Нагебин Семён Михайлович (бо лақаби "Салим") истиқоматкунандаи шаҳри Челябински Русия дар беморхонаи ноҳияи Панҷ дар зарфи се сония бо чӣ василае аз дастонаш завлонаро (наручник) раҳо карда, аз дасти ду корманди милиса, ки барои назорати вай дар беморхона меистоданд, туфангҳоро гирифта фирор намудааст.

"Шуъбаи корҳои дохилии Панҷ барои боздошти вай ҳамаи корманди худро дар ҳоли омодабош қарор дод ва нуқтаеро, ки шахси фирорӣ қарор дошт, ба муҳосира гирифт. Семён Нагебин аз ду туфанг ба тарафи кормандони милиса чаҳор тир холӣ кард ва бо назардошти чунин вазъият, кормандони милиса маҷбур шуданд ӯро бо зарби гулӯла ба қатл расонанд", — гуфтааст навбатдори шуъба.

Манбаъ ба радио афзудааст, Нагебин Семён Михайлович, ки рӯзи 15 апрел аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омада буд ва вақте мехост бо роҳи ғайриқонунӣ аз тариқи ноҳияи марзии Панҷ ба тарафи Афғонистон убур кунад, ҳини муқобилат бо кормандони милиса аз пояш тир хӯрд ва дар бемористони ноҳия муолиҷа мешуд.

Манбаи радио афзудааст, дар гузаргоҳи марзӣ вай дар дасташ ханҷар дошт ва бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо зӯрӣ мехост марзро убур кунанд. Аммо кормандони милиса дар пояш тир зада, ӯро ба беморхонаи ноҳия барои табобат оварданд ва ҳамин тариқ ба таҳқиқи шахсияти ӯ пардохтанд.

"Семён Нагебин мегуфт, ки шумоҳо мусалмони воқеӣ нестед, агар мусалмони ҳақиқӣ мебудед, наручникро аз дастони ман мегирифтед, ман намозҳоямро мехондам. Агар мусалмони ҳақиқӣ мебудед, аз роҳбаронатон наметарсидед. Вай гапҳое мезад, ки як инсони оддӣ ин тавр ҳарф намезад, ӯро махсус тайёр карда фиристодаанд. Аз нигоҳи ҷисмонӣ низ беҳад варзида буд", — гуфтааст манбаи радио дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ.

Ба гуфтаи мақомот, Нагебин Семён зодаи Қирғизистон буда солҳои ахир дар ин кишвар истиқомат доштааст ва чанд сол қабл дар ноҳияи Панҷ аз тарафи кормандони милиса ҳангоми талоши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт ва бо сабабҳои номаълум раҳо гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0