Корд барои коғазбурӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Хуҷанд боздоштшуда бо корди коғазбурӣ шиками худро чок кардааст

9
Ба қавли вакили дифоъ, шахси зерҳимояаш ҳангоми бозпурсӣ дар коргоҳи муфаттиш мавриди шиканҷа қарор гирифта, бо ин амал эътирози худро аз зӯроварӣ ва ҷараёни тафтишот баён доштааст.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ин ҷавон Равшан Раҳматови 18-сола аст, ки ба гуфти Дилбар Самадова, вакили дифоъӣ ӯ, бо нишони эътироз шиками худро бо корди канселярӣ буридааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Манбаъ бо истинод ба адвокати гумонбар мегӯяд, муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ӯро бар пояи банди 237-и Кодекси ҷиноӣ, яъне авбошӣ, айбдор мекунанд.

"Нафари зерҳимояи ман ҳангоми бозпурсӣ дар коргоҳи муфаттиш мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар фурсате шикамашро бо корди конселярӣ буридааст. Ӯ бо ин амал эътирози худро аз зӯроварӣ ва ҷараёни тафтишот баён доштааст. Прокуратура пас аз як санҷиш ба мо посух дод, ки ҳолати зӯроварӣ нисбат ба зерҳимояам тасдиқи худро наёфтааст. Аммо дар ин ҷавоб прокуратура эътироф кардааст, ки Раҳматов шиками худро худаш буридааст",- илова кардааст Самадова.

Сироҷиддин Садриддинов, сардори шӯъбаи тафтишотии идораи корҳои дохилии Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, иддаои вакили мудофеи Равшан Раҳматов дар хусуси гӯё шиканҷа шудани Раҳматов асос надорад.

Маврид ба ёдоварист, дар пайи ин муноқишаи ҷавонон дар яке аз майдонҳои варзишии шаҳри Хуҷанд ду нафар донишҷӯ ҷароҳат бардошта, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурдаанд. Пас аз ин шикоят кормандони милиса Равшан Раҳматовро ҳамчун гумонбари асосӣ дар ташкили ин муноқиша ва расондани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба дигарон боздошт карданд.

Созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" низ бо нашри як иттилоия аз расонаҳо ва фаъолони вилояти Суғд даъват кардааст, дар мурофиаи додгоҳии Раҳматов, ки 26 май баргузор хоҳад шуд, иштирок кунанд.

9
Барчаспҳо:
шикояти адвокат аз бадрафтории пулис, эътирози гумонбар аз шиканҷаи милиса, боздоштшуда бо корд шиками худро чок кардааст, Созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд, Сироҷиддин Садриддинов, Равшан Раҳматов, Дилбар Самадова, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон