Маршировка военнослужащих. Архивное фото

Додситонии ҳарбӣ гуфт, Фирдавс аз зарбу лат фавтидааст

6
Додситонии ҳарбии Суғд гуфтааст, натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи тиббӣ далолат бар он мекунанд, ки марги сарбоз Фирдавс Раҳматов бар асари лату кӯб фаро расидааст.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ашӯрмат Зарифӣ, сардори шуъбаи тафтиши Додситонии ҳарбии вилояти Суғд гуфтааст, натиҷаи аввалияи таҳқиқи тиббӣ ошкор кард, ки марги сарбоз Фирдавс Раҳматов дар натиҷаи лату кӯб фаро расидааст, менависад "Радиои Озодӣ".

"Вобаста ба содиршавии ин ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва тафтиши онро як гуруҳи таҳқиқотӣ пеш мебарад", — афзудааст Ашӯрмат Зарифӣ.

Додситони ҳарбӣ ҷузъиёти парвандаи кушта шудани Фирдавс, сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 0480, воқеъ дар Конибодом ва афроди гумонбар дар содиршавии ин ҷиноятро бо баргузории як нишасти хабарӣ баъди нимирӯзии 11 июн эълон хоҳад кард, менависад радио.

Волидайни Фирдавс гуфтанд, ки фарзандашон 7 майи соли 2015 ба сафи Артиш рафта, баъди 1 моҳи адои хидмати ҳарбӣ ҷасади беҷони ӯро нимашаби 7 — уми июн ба дасти онҳо супурданд.

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс мегӯяд, намояндгони қисми ҳарбӣ сабаби марги писарашро "нафасгиршавӣ аз фурӯ рафтани забон бар асари офтобзанӣ" гуфтанд.

"Вале онҳо ба мо санади натиҷаи ташхиси тиббиро надоданд. Мо дар бадани писарамон нишонаҳои зиёди зарбу лат пайдо кардем. Аз рӯи онҳо эҳтимол, писарамро як гурӯҳ миёнагир карда, зада куштаанд", — гуфтааст модари сарбоз.

Ба гуфтаи Ғанӣ Раҳматов, падари сарбоз, замони шустани ҷасад дар бадани писараш изҳои зиёди зарбу лат ҳувайдо будааст.

"Мобайни гулӯяш ва тахтапушташ ҷароҳатҳо дошт. Пушти сараш даридагӣ буд", — афзудааст Ғанӣ Раҳматов.

Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматов пас аз як моҳи хидматаш замоне расонаӣ шуд, ки наздикони ӯ аксҳояшро бо осори зарбулати шадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд.

Қаблан Вазорати дифиои Тоҷикистон гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз мавридҳои меҳтарсолорӣ ё сарбозозорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ дурбинҳои назоратӣ насб кардааст.

6
Барчаспҳо:
парвандаи ҷиноӣ, таҳқиқ, лату кӯб, марг, вазорати мудофиа, қисми ҳарбии 0480, Дилором Раҳматова, Ашӯрмат Зарифӣ, Фирдавс Раҳматов, Ғанӣ Раҳматов, Конибодом, Хуҷанд, Суғд