Завлона

Боздошти муфаттиши калони Норак бо иттиҳоми порагирӣ

3
Муфаттиш Мирзораҳмат Қаландаров нахуст аз шаҳрванд О. $5 ҳазор талаб кардааст, вале баъди он ки аз зиндагии сангини шаҳрванд О. дарак меёбад, ин маблағро ба $2 ҳазор мерасонад.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Мирзоҳиммат Қаландаров, муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Норак хабар дод, ки ҳамчун шахси мансабдор даст ба порагирӣ задааст, менависмад хабаргузории "Озодагон".

Қаландаров барои ифтитоҳ накардани парвандаи ҷиноӣ, алайҳи писари шаҳрванд О. ки дар латукӯби як зан муттаҳам мешудааст, нахуст 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст.

"Баъдан вақте вазъи мушкили молии шаҳрвандро дидааст, ин маблағро то 2 ҳазор доллари амрикоӣ поин фаровардааст", — аз қавли оҷонсӣ менависад хабаргузорӣ.

Муфаттиши калони прокуратураи Норак рӯзи 18-уми июн ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд О. дастгир шудааст.

"Алайҳи Қаландаров аз рӯи моддаи 319, гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад", — хабар додааст оҷонсӣ.

3
Барчаспҳо:
5 ҳазор доллар, иттиҳом, порагирӣ, боздошт, муфаттиши калон, прокуратураи шаҳри Норак, Мирзоҳиммат Қаландаров, Норак