Тарабхонаи  Макдоналдс. Акс аз бойгонӣ

Озодӣ: тоҷикистонӣ ба ҷои миллион аз Макдоналдс 10 ҳазор мегирад

1
(Таҷдидшуда 12:49 16.07.2015)
Зодаи Тоҷикистон алайҳи ширкат ба додгоҳ даъво бурда, талаб кард, ки барои расонидани зарари ҷисмонӣ- лат хӯрдани пояш ба ӯ ҷуброн пардозад, додгоҳ даъвои ӯро қонеъ сохт, аммо ҳаҷми ҷубронро 100 маротиба поин овард.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав ба намояндагии ширкати «Макдоналдс» амр додааст, ба шаҳрванди Тоҷикистон Дилшод Бурҳонов 10 ҳазор рубл ҷуброни маънавӣ бипардозад, менависад Радиои Озодӣ.

"Додгоҳ даъвои маро қисман қонеъ кард. Талаби пардохтани хароҷоти додгоҳиро рад кард, зеро, ба гуфтаи додгоҳ, ширкате, ки ба ман машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад, ба худи ман тааллуқ дорад",- иқтибос меорад Озодӣ аз суханони Бурҳонов баъди додгоҳ.

Дилшод Бурҳонов, сокини 34-солаи ноҳияи Исфара, ки ширкати «Москва-Макдоналдс»-ро ба додгоҳ кашидааст, моҳи сентябри соли 2014 дар назди даромадгоҳи ресторани "Макдоналдс" дар кӯчаи Матвеевскаяи шаҳри Маскав пояш ба як пояи оҳанин бархӯрда ва сахт зарб хӯрдаву варам кардааст. Пас аз ин ӯ маҷбур шудааст, ба шифохонае дар Маскав муроҷиат кунад ва сипас ба додгоҳ шикоят барад.

"Мурофиаи дирӯза як ғалабаи стратегӣ аст ва ҳоло бояд барои ҷуброни сазовор мубориза бурд. Мо аз ҳаҷми ҷуброн норозӣ ҳастем ва ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мебарем, то ки ҷубронеро, ки талаб дорем, пурра пардохта шавад",- меафзояд Бурҳонов.

Ба додгоҳ кашидани тарабхона ва ё муассисаву корхонаҳо дар бисёре аз кишварҳо маъмулӣ аст, аммо даъвои додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон, алайҳи ширкати «Москва-Макдоналдс» ва талаби 1 миллион рубл (баробар ба 20 ҳазор доллар) бори аввал аст, менависад Озодӣ.  

1
Барчаспҳо:
барои нахустин бор даъво алайҳи ширкат, 10 ҳазор ҷарима шудани ширкат, талаби 1 миллион рубл, додгоҳи Маскав, "Москва-Макдоналдс", Дилшод Бурҳонов, Русия, Маскав