МошиниToyota Land Cruiser дар назди дарвозаи муассисаи ислощотии №1 шаҳри Владимир. 25 августи соли 2015

Озодии Евгения Василева пеш аз муҳлат

0
(Таҷдидшуда 10:04 26.08.2015)
Корманди собики Вазорати дифои Русияро дар муддати ду сол пеш аз муҳлат озод карданд. Ӯ қаблан ба ҷурми аз худ кардани 800 миллион рубл барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ин мақоми собиқи «Оборонэкспорт»- и Вазорати дифои Русия аз зиндони вилояти Владимир имрӯз, 26-уми август озод шуд.

Додгоҳ дархости хонум Василеваро дар бораи пеш аз муҳлат баромадан ба озодӣ қабул кард. То анҷоми мӯҳлати ҳабси ӯ ду солу ду моху 28 рузи  дигар боқӣ монда буд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Василева пас аз озод шудан дар бюрои хуқуқии «Гриднев ва шарикон» ба кор мепардозад.

Василева бо мошини вакили мудофеаш зиндонро тарк кард. Ӯ аснои берун шудан аз маҳбас аз сӯҳбаат бо хабарнигорон худдорӣ варзид.

Парвандаи ҷиноии «Оборонсервис», ки Василева дар он шахси калидӣ маҳсуб мешуд, соли 2012 боз гардида буд. Дар ин парванда рабуда шудани амволи давлатии Вазорати дифои Русия фош шуд.

Ба гуфтаи муфаттиш, нақшаи ин амал чунин будааст: шарикони ин ҷиноят таҳти раҳбарии Василева аз тариқи сохторҳои «Оборонсервис» ва чанд ширкати хусусӣ биноҳои Вазорати дифоъро бо нархи арзон фурӯхта аз ин тариқ ҳудуди 3 миллиард рублро дуздидаанд. Фурӯши амвол дар доираи як ислоҳоти бузург бо ҳадафи канор гузоштани амволи нолозим аз Вазорати дифои Русия амалӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
таҳқиқи парванда, парвандаи ҷиноӣ, озод шудани мақоми вазорат аз зиндон қабл аз мӯҳлат, Оборонсервис, Оборонэкспорт, Вазорати дифои Русия, Евгения Василева, Владимир, Русия