Нашъа. Акс аз бойгонӣ

Мусодираи беш аз 100 кг нашъа дар Кӯлобу садамаи маргбор дар Душанбе

57
(Таҷдидшуда 11:30 28.03.2016)
Дастгиршуда сокини вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон буда, аз ӯ дар маҷмӯъ 107 килою 646 грамм маводи нашъадор мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 36-солаи Афғонистон бо беш аз 100 кило маводи нашъадор иттилоъ дода, мегӯяд, ӯ аъзои як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ мебошад.

Ба қавли манбаъ, боздошти гумонбаршуда рӯзи 24 март дар пайи амалиёти вижаи кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД дар шаҳри Кӯлоб сурат гирифтааст.

"Дастгиршуда сокини вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон буда, аз ӯ дар маҷмӯъ 107 килою 646 грамм маводи нашъадор мусодира шудааст. Аз ин 97 килою 424 грамм маводи нашъадори бангдона, 9 килою 266 грамм маводи ҳашиш ва 956, 8 грамм маводи нашъаовари афюн мебошад",- қайд мешавад дар иттилоъия.

Ҳамзамон, ВКД бо пахши як хабар навиштааст, ки дар пайи ноуҳдабароии ронандаи 22-сола дар шаҳри Душанбе садамаи нақлиётии маргбор ба вуқӯъ пайвастааст.

"Рӯзи якшанбеи 27-март, ронандаи 22-солаи сабукрави тамғаи "Тойота-Прадо", донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои "Хоҷагии Коммуналӣ" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 24-солаи сокини пойтахтро зер намудааст",- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Оиди ҳар ду далел парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

57
Барчаспҳо:
бангдона, нашъа дарёфт шуд, ҳашиш, маводи мухаддир, ҳалокат, мусодира, садама, боздошт, идораи "Хоҷагии Коммуналӣ", Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ВКД ҶТ, Хоҳон, Бадахшони Афғонистон, Кӯлоб, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Боздошти корманди ВКД ҶТ бо 36 кг нашъа