Ҳалокати писарбачаи 3-сола дар пайи садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писарбачаи се сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТ садамаи нақлиётӣ рӯзи 6 май дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Хова", марди 58-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ноҳияи Айнӣ писарбачаи 3-солаи сокини шаҳри Душанбнро пахш намудааст.

Ҳодиса дар масофаи 36 километрии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Манбаъ меафзояд, ки сабаби садамаи нақлиётӣ аз ӯҳдаи идораи худрав набаромадани марди 58 сола будааст.

Писарбачаи се сола дар пайи садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ҳодиса тафтишот бурда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0