Зану духтаре дар шаҳри Қӯрғонтеппа зери чархи худрав монданд

© Sputnik / Амир ИсаевНа въезде в Курган-Тюбе. Архивное фото
На въезде в Курган-Тюбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 12 июл зану духтаре дар шаҳри Қӯрғонтеппа зери чархи худрав монданд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба итттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ронандае дар шаҳри Қӯрғонтеппа идораи худравашро аз даст дода зану духтареро пахш кардааст. Ин ҳодиса рӯзи 12 июл дар назди кӯдакистони №5 ҳамин шаҳр рух додааст.

Ронандаи худрави савории "Опел Астра", марди 27-солае аз ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз сӯи дарвозаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба сӯи тандиси Исмоили Сомонӣ фармони василаи нақлияро аз даст дода, зани 41-сола ва духтари 12-солаашро пахш кардааст.

Зану духтар дар ин тасодуф сахт захмӣ шудаву ба бемористон бурда шудаанд. Духтарак дар бемористон ҷонашро аз даст додааст.

Ин зан ва духтар дар хиёбони Дӯстии халқҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки чигунагии ин тасодуф баррасӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0