Нашри рӯйхати ронандагон дар ВКД: аз ҷаримаи калон то ҳабси маъмурӣ

© SputnikТранспорт в Душанбе
Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯйхати ронандагони қонуншикан пас аз тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД Тоҷикистон дар ин феҳрист ҷаримабандӣ ва ҳабси маъмурии панҷ ронанда бо далели қонуншиканӣ ҳангоми ронандагӣ оварда шудааст.

Ин ҷаримабандӣ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омода шудааст.

Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати ронандагони қонуншикан дар ВКД: аз 20 ҳазор ҷарима то маҳрумият аз ронандагӣ

Ба иттилои манбаъ, ронандаҳо тибқи моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо аз 28.08 соли 2017 ба миқдори 12 500 сомонӣ ҷарима шуда бархе бо маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати то панҷ сол то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба гузориши торномаи расмии ВУД ду ронанда — Фирдавс Садиров ва Миралӣ Давляров аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.

Абдураҳмон Носиров, Имомуддин Ниёзбобоев ва Сафарбек Имомов барои нақзи қонун ба маблағи 12 500 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Пештар ВКД феҳристи ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, мунташир карда буд.

Лентаи хабарҳо
0