Обучение мигрантов русскому языку в Дальневосточном федеральном университете

Намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти марказҳои тестӣ ошно шуданд

6
(Таҷдидшуда 19:19 11.02.2016)
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират намояндагони ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарту шароити марокизи тестии забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаҳои Федератсияи Русия шинос гардиданд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Радиф, Тоҷикистон. "Супоридани тест аз 5 қисмат иборат хоҳад буд: вожаҳо ва дастури забон, қироат, истеъмо, мактуб ва ҳарф задан бо забони русӣ. Барои иҷрои ин супоришҳо 2,5 соат ҷудо мегардад. Баҳогузорӣ аз рӯи меъёри 100 балӣ сурат гирифта, онҳое ки соҳиби 60 ва аз он бештар холҳо мегарданд, соҳиби сертификати панҷсола мешаванд",- мегӯяд Заряна Пасевич, сарвари Маркази тестӣ барои шаҳрвандони хориҷии Донишгоҳи давлатии гуманитарии Шарқи Дури Русия. Бону Пасевич афзуд, «Дар маҷмӯъ 4 муассиса дар Хабаровск муҷаввизи фаъолият барои тестқабулкуниро пайдо кардаанд".

— Академия давлатии иҷтимоӣ-гуманитарии Поволжски шаҳри Самара яке аз дигар муассисаҳоест, ки ҳуқуқи қабул кардани тести забони русироро аз шаҳрвандони хориҷӣ соҳиб шуда, муҷаввизи фаъолиятро дар ин самт гирифтааст.

Аснои мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо Валерия Бондарева, роҳбари маркази мазкур тартиби қабули тести забони русӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

«Барои иҷозаи дарёфти супоридани тест ҳамагӣ 3000 рубли русӣ маблағ супоридан зарур астю Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд, дар гурӯҳҳои пулакӣ 10 нафарӣ курсҳои омӯзиширо паси сар кунанд. Донишгоҳ нақша дорад, сафари кормандонро барои қабули тест ба минтақаҳое роҳандозӣ кунад, ки дар он ҷо муҳоҷирон зиндагӣ менамоянд",- қайд кард, Валерия Бондарева.

Дар вилояти Самара ҳамагӣ 7 муассиса иҷозатномаи фаъолияти тестқабулкуниро аз шаҳрвандони хориҷӣ дарёфт кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, аснои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия бояд муҷаввизи донистани забони русӣ, асосҳои ҳуқуқ ва таърихи Русияро низ пешниҳод кунанд.

6