Рублевые купюры разного достоинства. Архивное фото

Думаи давлатӣ ҷонибдори ҷарима барои ҷалби муҳоҷирони ғайриҳирфаӣ аст

3
(Таҷдидшуда 15:58 05.12.2014)
Лоиҳаи қонун, ки ҷаримабандии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро барои ҷалби муҳоҷирон ба кори ғайриихтисоси онҳо пешбинӣ мекунад, ба палатаи поёнии парлумони Русия барои баррасӣ ироа намуданд.Андозаи ҷарима барои шаҳрвандони хориҷа аз 2 то 5 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст, ҳатто “ихроҷ”-и муҳоҷирин аз Русия низ барои нақзи бандҳои қонун дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Маҷлиси қонунгузории минтақаи Челябинск ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро ирсол кардааст, ки он масъулиятҳои маъмурӣ (иҷроӣ)-ро барои ба кор гирифтани муҳоҷирони ғайрихтисос пешбинӣ мекунад. Дар ин бора Росбалт хабар медиҳад.

Пешнависи ин қонун ҷаримабандии масъулинро дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл муайян карда, андозаи ҷарима барои шаҳрвандон ва мансабдоронро аз 25 то 50 ҳазор рубл пешбинӣ менамояд. Шахсони ҳуқуқӣ бошанд, дар ҳаҷми 250 то 800 ҳазор ҷарима хоҳанд шуд, ё фаъолияти корхонаи онҳо ба муддати то 90 рӯз мутавақиф мегардад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур муҳоҷирон низ агар бе иҷозаи фаъолият ва ғайриихтисос кор кунанд, ҷарима мешаванд. Андозаи ҷарима барои шаҳрвандони хориҷа аз 2 то 5 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст, ҳатто "ихроҷ"-и муҳоҷирин аз Русия низ барои нақзи бандҳои қонун дар назар аст.

Маврид ба ёдоварист,  аз 1 январи соли 2015 дар Русия ҷои квотаҳои кунунӣ барои муҳоҷирони хориҷиро патент мегирад. Аммо ин тағйирот танҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродӣ буда, корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунон иҷозатномаи кор бигиранд. Фақат муҳоҷирони хориҷие патент гирифта метавонанд, ки аснои убури марзи Русия дар корти муҳоҷират мақсади сафарашонро "кор" нишон дода бошанд. Арзиши моҳонаи патент дар Маскв барои муҳоҷирон чор ҳазор рублро ташкил медиҳад,   

3
Барчаспҳо:
муҳоҷират, лоиҳаи қонун, муҳоҷирон, Думаи давлатӣ, Русия, Маскав