Пул

Мизони интиқолҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ 2 маротиба коҳиш ёфт

2
(Таҷдидшуда 16:39 11.02.2016)
Ҳарчанд теъдоди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ИДМ дар Русия чандон коҳиш наёфтааст, вале мизони интиқолҳои пулии онҳо ба ватан ду маротиба коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Миқдори таҳвилҳои пулӣ, ки тавассути низомҳои интиқолҳои пулӣ сурат мегиранд, дар моҳи феврали соли 2015 аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар муқоъиса бо моҳи феврали соли 2014 ду маротиба коҳиш ёфтааст, омадааст дар матлаби Бонки марказии Русия.

Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 аз Русия ба кишварҳои ИДМ $1 миллиарду 65 миллион мунтақил шудааст, ки аз ин маблағ $570 миллион дар моҳи феврал сурат гирифтааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта мизони интиқолҳои пулӣ $2 миллиарду 119 миллион буд, ки аз он маблағ $1 миллиарду 50 миллион дар моҳи феврал мунтақил шудааст.

Дар маҷмӯъ ба кишварҳои ИДМ 80% маболиғе, ки тавассути низомҳои интиқолӣ аз Русия мунтақил шудаанд, рост меояд.

Омори ҷудогона вобаста ба ҳар кишвар дар соли 2015 то ҳол аз сӯйи Бонки марказии Русия мунташир нашудааст.

Аз кишварҳои ИДМ ба Русия дар моҳҳои январ ва феврал $496 миллион ворид шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод муъодили $458 миллион буд.

Гузориш шудааст, ки маблағи муттавасити интиқолҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар моҳи феврал $244 будааст, ҳарчанд дар моҳи феврали соли 2014 ин рақам ба $356 баробар буд.

Миқдори муттавасити интиқолҳои пулӣ аз ИДМ ба Русия дар моҳи феврали соли 2015 $764 буд ва дар ҳамин моҳи соли 2014 ин рақам муъодили $978 буд.

Воридкунандаҳои аслии нерӯи корӣ ба Русия аз кишварҳои ИДМ Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Украина мебошанд. Муҳоҷирони корӣ истифодабарандагони аслии низомҳои интиқоли пулӣ ҳастанд, зеро ин ширкатҳо имкон медиҳанд маболиғ ба пайвандонашон ба ватан бидуни боз кардани суратҳисоби бонкӣ интиқол шавад ва ин амри маъмулии дастрас дар кишварҳои узви ИДМ мебошад.

2
Барчаспҳо:
омори интиқолҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ, Бонки марказии Русия, Русия
Мавзуъ
Созмони муҳоҷират: мизони бекорӣ солҳои наздик афзоиш меёбад
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
СБП коҳиши 30% мизони интиқолҳои пулӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ кард