Ҳалокати Бахтовари 19-сола дар сухтори анбори “Элформ”

© Flickr \ MelissaСӯхтор. Акс аз бойгонӣ
Сӯхтор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи сӯхтори ширкати “Элформ”, сокини 19 – солаи шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат мерасад.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бахтовар Самадов, муҳоҷири 19-солаи тоҷик бар асари сӯхторе дар вилояти Маскави Русия ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад сомонаи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Додани муҷҷавизи кор дар маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тайи 4 моҳ маркази муҳоҷирати Сахарово 200 ҳазор муҷҷавиз додааст

Ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, ин сухтор рӯзи 22 майи соли равон дар анбори ширкати "Элформ", воқеъ дар шаҳри Красногорск ба амал омдааст. Дар натиҷа Бахтовар Саидов, сокини 19-солаи шаҳри Ваҳдат, ки ҳамчун муҳоҷир дар ин ширкат ҳамроҳ бо ду ҳамватани дигари худ машғул ба кор будааст, ба ҳалокат мерасад.

Манбаъ бо такя ба иттилои Хадамоти оташнишонии шаҳри Красногорск афзудааст, сӯхтор дар пайи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ба амал омада, беш аз 700 метри мураббаъ хароб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0