Муҷассамаи Шоҳи дуредгар дар Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ

Дастурамали кӯмак барои супоридани санҷишот дар Русия мунташир шуд

2
(Таҷдидшуда 12:10 26.05.2015)
Дар ин китоб иттилоъ дар бораи таърихи қадимӣ ва навини Русия метавон пайдо кард ва муаллиф талош кардааст онро мантиқан бо забони содда баён дошта бошад.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Собиқ сухангӯйи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Зафар Сайидзода китоби дарсиеро мунташир кардааст, ки кӯмак ба муҳоҷирони корӣ зимни супоридани санҷишот аз таърих, ҳуқуқ ва забони русиро ҳадаф дорад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи муаллиф, дар ин китоб метавон иттилоъ дар бораи таърихи Русия аз давраҳои қадим то замони ҳозираро пайдо кард. Сайидзода талош кардааст, ки маводи бештари таърихиро дар шакли нисбатан кӯтоҳ ва бо забони содда ва фаҳмо баён дошта бошад.

"Дастурамал ба забони русӣ мунташир шуда феълан мо зарурати тарҷумаи он ба забони тоҷикиро намебинем, зеро муҳоҷирони тоҷик санҷишот таърих ва фарҳанги Русия ва ҳамчунин асосҳои ҳуқуқро ба забони русӣ месупоранд ва донистани забони русӣ барои онҳо ҳатмӣ мебошад", — гуфт вай.

Сайидзода изҳор дошт, ки дар моҳи июн соли ҷорӣ нашри дуввуми ин дастурамал мунташир шуда дар он бархе ислоҳот ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин ин дастурамал дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷой дода мешавад, то ки муҳоҷирони корие, ки феълан дар Русия қарор доранд, ба он дастрасӣ дошта бошанд.

2
Барчаспҳо:
нашри дастурамал барои мӯҳоҷирон, Зафар Сайидзода, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Русия қоидаҳои нави муҳоҷират ҷорӣ шуданд
ИФМ ФР пешниҳод дорад, ки бархе аз муҳоҷирон аз санҷишот озод шаванд
Миқдори марокизи санҷишгирӣ аз муҳоҷирон 40% бештар шуд
Маркази воҳиди муҳоҷирон дар вилояти Маскав шабонарӯзӣ фаъол мешавад
Сенатор: инҳисор дар қабули санҷиш аз муҳоҷирон бояд лағв шавад
Маркази тестии муҳоҷирон дар Тсаритсино пас аз шикояти зиёд баста шуд
Муҳоҷирон аз сафири Тоҷикистон дар Русия дархости кӯмак карданд