Бинои додгоҳи шаҳри Маскав. Акс аз бойгонӣ

Ҳуқуқвайронкунии муҳоҷирон- 80% парвандаҳои додгоҳҳои Маскав

0
(Таҷдидшуда 15:44 25.06.2015)
Дар соли сипаришуда додгоҳҳои ноҳияҳои Маскав беш аз 80 ҳазор парвандаи маъмуриро баррасӣ карданд, ки аксари онҳо ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони хориҷӣ рабт доранд.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Масъалаи нақзи ҳолатҳои буду боши хориҷиён дар Русия 80 дарсади парвандаҳои маъмуриеро дар бар гирифтанд, ки дар соли 2014 дар додгоҳҳои Маскав баррасӣ гардидаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуотии додгоҳи шаҳри Маскав.

Ин арқомро муовини раиси суди шаҳри Маскав Елена Базкова аснои суханрониаш дар ҷаласаи кумиссияи ҷамъиятӣ оид ба ҳамкорӣ бо додгоҳҳо иброз дошт.

"Соли 2014 беш аз 81% (68 200 аз 83 992)-и парвандаҳои маъмурии баррасишуда дар додгоҳҳои Маскав ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони хориҷӣ таалуқ дошт ",- гуфт вай.

Бештар аз ҳама, афзуд Базикова,  нақзи ҳолатҳои буду бош дар ФР, фаъолияти ғайримуҷози корӣ ва риоя накардани мӯҳлати иқомат ба қайд гирифта шудааст.

Аксари ҳолатҳои қонунвайронкунии маъмурӣ (65 301 нафар аз 68 200) ҷарима шуда, 516 кас аз кишвар бадарға гардиданд. Тайи соли 2014 дар маҷмӯъ аз қаламрави Русия 59 192 хориҷӣ депорт шудааст.

0
Барчаспҳо:
нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, муҳоҷират, муҳоҷирон, парвандаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунӣ, додгоҳи шаҳри Маскав, Елена Базикова, Маскав, Русия
Мавзуъ
Манъи вуруди 1,3 миллион муҳоҷир ба қаламрави Русия