Пас аз сӯхтори нашриёт ФР мехоҳад ба муҳоҷирон имтиҳони ҚҲС ҷорӣ намояд

© Анастасия АлександроваСӯхторхомӯшкунандагон дар назди анбори сӯхта дар Маскав
Сӯхторхомӯшкунандагон дар назди анбори сӯхта дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бисёре аз муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд дар бораи қоидаҳои бехатарӣ хеле кам маълумот доранд ва ин метавонад дар ҷойҳои манзили ҷамъиятӣ ё меҳнатии муҳоҷирон сабаби ба амал омадани ҳолатҳои фавқуллода гардад, мегӯяд роҳбари комиссияи бехатарии Палатаи ҷамъиятии ФР Антон Светков.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Палатаи ҷамъиятии Русия пешниҳод намуданд, ки ба муҳоҷирони меҳнатии Русия имтиҳони тестии донистани асосҳои бехатарӣ ва қоидаҳои ҳаракат дар ҳолатҳои фавқуллода ҷорӣ карда шавад.

Ин пешниҳоди роҳбари комиссияи бехатарии Палатаи ҷамъиятии ФР Антон Светков дар маҷлиси намояндагони хадамотҳои фавқуллода, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар мақомоти мутаваҷҷеҳи ҳодисаи фоҷиавари нашриёт дар Маскав дар санаи 27-уми август ба амал омад ва дар он 17 нафар ба ҳалокат расиданд, садо дод.

"Агар мо дар бораи шаҳрвандони Русия ҳарф занем, пас онҳо дар бораи қоидаҳои бехатарии сӯхтор хуб медонанд. Дар мактабҳои Русия аз фанни ҚБС дар гуфта мешавад. Муҳоҷирон- ин дигар тарафи масъала мебошанд. Мо низоми патентӣ дорем. Дар он дониши забондонӣ, ҳуқуҳ ва таърихи онҳоро месанҷем. Пас, барои чӣ дониши онҳоро дар сатҳи қоидаҳои сӯхторхомӯшкунӣ напурсем? Оё онҳо плитаҳои газии оддӣ, таҷҳизоти барқиро истифода бурда метавонанд ё не, оё дар бораи нақшаи эвакуатсиониро медонанд ё не",- мегӯяд роҳбари комиссияи бехатарии Палатаи ҷамъиятии ФР Антон Светков.

Ба гуфтаи ӯ бисёре аз муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Русия меоянд маълумоти кам доранд,  қоидаҳо бехатариро заиф медонанд ва ин метавонад сабаби ба амал омадани  ҳолатҳои фавқуллода дар ҷойҳои манзили ҷамъиятӣ  ё меҳнатии муҳоҷирон мегардад  ва боиси фавти одамони зиёд шавад.

"Намояндагони ВҲФ ва ВКД ин вазифаро пурра байни худ тақсим мекунанд"-, қайд кард Светков.

Сӯхтор саҳарии рӯзи шанбеи санаи 27-уми август дар шимоли Маскав ба амал омад. Бинои сӯхташуда ба нашриёти "Печатный экспресс" тааллуқ дорад. Ҳамагӣ 17 нафар- 14 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ва 3 нафар шаҳрвандони Русия дар натиҷаи сӯхтор вафот карданд. Мувофиқи маълумотҳои ВКХ Қирғизистон ҳамаи фавтидагон занони ҷовон мебошанд, ки синну солашон аз 18 то 25 сола мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0