Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов. Акс аз бойгонӣ

Имомуддин Сатторов: муҳоҷират тамоюли ҷаҳонист

20
(Таҷдидшуда 13:45 09.09.2016)
Тибқи маълумотҳои охир, наздики 1 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ кор ва зиндагӣ мекунанд. Раванди муҳоҷират, имрӯзҳо ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези ВАО табдил ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik.Айни замон дар  Русия  тақрибан 10 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон кор ва фаъолият доранд. Sputnik Тоҷикистон  дар робита ба ин мавзӯъ бо сафири Тоҷикистон дар Федератсия Русия Имомуддин Сатторов сӯҳбат кард.

Чаро маҳз Русия?

Русия дар байни кишварҳое, ки тоҷикон ба он муҳоҷират мекунанд, дар ҷои аввал меистад.  Имомуддин Сатторов сабаби онро шарҳ дода қайд намуд, ки  дар баробари ҳамкори муҳими старетигии Тоҷикистон будани Русия, таърих ва фарҳанги миллатҳои тоҷик ва рус ба ҳам тавъаманд. Ба гуфти ӯ бо ҷудо намудани сарҳадҳо (пас аз фурӯпошии ИҶШС) халқҳоро аз ҳамдигар ҷудо намудан мушкил аст ва  сабаби маҳз Русияро интихоб намудани муҳоҷирони  тоҷик низ ҳамин аст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд бидонанд, ки…

Дар баробари дарёфти ҷои кор дар кишвари бегона муҳоҷирон ба мушиклиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Яке аз чунин мушкилиҳо мураттаб намудани ҳуҷҷатҳо: иҷозаи муваққатии зист, патент, бимаи тиббӣ ва ғайраҳо мебошад. Сатторов мегӯяд, ки пеш аз ҳама фаъолияти муҳоҷирон бояд тибқи қонунҳои Русия сурат гиранд.

"Инро бояд ба инобат гирифт, ки тамоми муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, шоиста аст бидонанд, ки қавонини ин давлат аз ҷониби вакилони Русия муайян мегардад. Русия ин қонунҳоро бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ қабул мекунад",- изҳор дошт Имомуддин Сатторов.

Аммо сафир дар баробари ин ёдовар шуд, ки вазифаи ҷониби Тоҷикистон ин ҷиҳати ҳал намудани тамоми мушкилиҳои  муҳоҷирони тоҷики  Русия  талош кардан аст.

Саҳми муҳоҷирон дар рушди Русия зиёд аст, вале кӯмаки иҷтимоӣ нест

Шӯъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав ҳаҷми андози муҳоҷирони меҳнатиро дар нимсолаи аввали соли равон 6,8 миллиард рубли русӣ ҳисоб кардааст, ки ин нисбат ба андоз аз даромади ширкатҳои нафтистеҳсолкунии Маскав 2,3 маротиба зиёд мебошад.

Имомуддин Сатторов дар идомаи сӯҳбат қайд намуд, ки  муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо дар рушди иқтисоди кишвари худ, балки дар рушди Русия низ саҳми худро мегузоранд. Онҳо дар тамоми соҳаҳои кишвари Русия фаъолият мекунанд ва дар пешрафти ҳамаҷонибаи ин сарзамин саҳм мегиранд.

"Ягон шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия кӯмаки иҷтимоӣ намегирад, онҳо меҳнат мекунанд", — қайд кард ӯ.

 Зиндагӣ танҳо меҳнат нест

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов тарафдори он аст, ки мушкилиҳои муҳоҷирон дар кишвари бегона ҳаллу фасл карда шавад. Ба ақидаи ӯ дар ин ҷабҳа саҳми Русия ҳам бояд бошад.

"Агар ҳамин мушкилотҳои сунъӣ аз байн бардошта шавад, фазо ҳам беҳтар гардида, мардум метавонанд дар баробари меҳнат кардан боз шароите пайдо кунанд, ки забону ихтисосҳои дигарро омӯзанд, вақт ёбанд, ки фарзандони худро тарбия кунанд, яъне на танҳо меҳнати пурмашаққат, балки шароити дар ин ҷо шоиста зиндагӣ карданро дошта бошанд. Зиндагӣ фақат меҳнати пурмашаққат нест, зиндагӣ он аст, ки муҳоҷирон фурсат ёбанд ба кино, ба театр раванд, бо фарҳангу маданияти мардуми ин ҷо  ошно шаванд".

Имомуддин Сатторов ишора мекунад, ки агар муҳоҷирони тоҷик бо фарҳанг ва маданияти рус бештар шинос шаванд, он гоҳ ҳамдигарфаҳмӣ низ хубтар мешавад.

Муҳоҷират тамоюли ҷаҳонист

Имрӯзҳо қариб шаҳрвандони тамоми дунё ба хотири кору зиндагӣ озими ин ё он мамлакати нисбатан тараққикарда мешаванд.

Сатторов раванди муҳоҷиратро тамоюли умумиҷаҳонӣ мешуморад ва иқтисоди тамоми ҷаҳонро бо муҳоҷират марбут медонад. Ӯ муҳоҷирати шаҳрвандони Туркияро ба Аврупо ва шаҳрвандони Мексикаро ба  ИМА мисол оварда, ёдовар шуд, ки ин раванд дар тӯли таърих шакл гирифтааст. Ба ақидаи вай   муносибати хуб бо муҳоҷирон ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Неруҳое ҳастанд, ки барои муҳоҷирон мушкилӣ эҷод мекунанд

Чанде қабл дар пайи сӯхтор дар  нашриёти "Печатный экспресс" 14 муҳоҷир ба ҳалокат расид. Дар робита бо ин ҳодиса роҳбари комиссияи бехатарии Палатаи ҷамъиятии ФР Антон Светков пешниҳод намуд, то барои муҳоҷирон боз як имтиҳони дигар-асосҳои бехатарӣ илова карда шавад. Вале сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов  надонистани қоидаҳои бехатариро ба ин ё он миллат мансуб намедонад.Ӯ қайд кард, ки ин гуна пешниҳодҳо барои муҳоҷирон монеаи дигар ва талаботи аз меъёр зиёд аст.

© Sputnik
Сатторов Имомуддин: нодонистани ин ё он қонун ба миллат мансуб нест
20
Барчаспҳо:
мушкилот, муҳоҷират, Имомуддин Сатторов, Тоҷикистон, Русия