Коршинос: Қонунгузории ҷории Русия дар заминаи муҳоҷират ниёз ба бознигарӣ дорад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавсиби қонуни нави муҳоҷират имкон хоҳад дод ки қонунгузории ҷории Русия мураттаб шавад

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ирина Ивахнюк, узви Иттиҳодияи коршиносони масоъили муҳоҷират, бар ин назар аст ки Русия бояд қонунгузории худ дар заминаи муҳоҷиратро бознигарӣ ва қонуни наве таҳия ва тасвиб кунад.

Вай дар мусоҳиба бо хабарнигори Спутник Тоҷикистон гуфт, таҳия ва тасвиби қонуни нави муҳоҷират имкон хоҳад дод ки қонунгузории ҷорӣ сомонманд шавад ва посухгӯи чолишҳо дар оянда бошад. Ин коршинос эҳтимол медиҳад ки Русия дар оянда бо ошӯбу нофармониҳои маданӣ ва бархурдҳои низомӣ дар манотиқе аз Осиёи Марказӣ рӯбарӯ хоҳад шуд ки ҳаммарзаш ҳастанд.

"Қонунгузории муҳоҷират ниёз ба танзиму систембандӣ ва шояд ҳам таҳияи Кодекси муҳоҷират дорад. Созмони федеролии муҳоҷират дар соли 2004 чунин иқдомер опеш гирифта буд, вале он замон ин масъала бисёр печида буд. Акнун ин масъала печидатар шудааст. Қонуни муҳоҷират, чун қонуни кайфарӣ, қонуни хонавода, метавонист ин гиреҳҳоро бикшояд", — мегӯяд Ивахнюк.

Вай таъкид кард, ки қонунгузории ҷориро бояд ислоҳ кард, зеро дар заминаи муҳоҷират чанд қонуне амал мекунад ки бо якдигар ихтилоф дорад ва тағйиру ислоҳе ҳам ки дар онҳон ворид шуда, дарёфту корбурдашонро мушкилтар кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0