Русия барои "рафтори номатлуб" шаҳрвандони хориҷро пеш мекунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкУсиление мер безопасности в Москве
Усиление мер безопасности в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Рафтори номатлуб" - яъне кирдоре, ки ба амнияти миллӣ хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Шӯрои Федеросюни Русия тарҳи қонунро омода карда истодааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ барои "рафтори номатлуб" аз кишвар хориҷ карда хоҳанд шуд.

Дар ин бора рӯзномаи "Известия" бо такя ба манбаъ дар парлумон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки вожаи "рафтори номатлуб" — яъне кидрдоре, ки ба амнияти миллӣ хатар дошта бошад.

"Ин вожа нисбати шахсони воқеъӣ махсусан шаҳрвандони хориҷӣ истифода хоҳад шуд. "Рафтори номатлуб" метавонад боиси хориы шудани шащрвандони хориыь аз Русия гардад. Дар баробари ин вожа нисбати шаҳрвандони Русия ва шахсони ҳуқуқӣ ҳам истифода хоҳад шуд", — менависад манбаъ.

Ба гузориши ин ниҳод, дар ин росто ба шаҳрвандони Русия ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ таҳдид мекунад. Шаҳрвандони хориҷӣ бошанд, барои кирдори номатлуб аз ҳудуди Русия пеш карда хоҳанд шуд.

Тарҳи қонуни мазкур авоили соли 2018 ба Думаи давлатӣ равон карда мешавад ва қонуни федеролӣ "Дар бораи созмонҳои номатлуб"-ро пурра мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар давоми соли равон шумораи шаҳрвандони аз Русия хориҷшуда то ду маротиба кам шуда, 55,1 ҳазор касро ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0