Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар масоили консулӣ ройзанӣ карданд

© Фото : МИД РТКонсультации консульских служб МИД Таджикистана и ОАЭ
Консультации консульских служб МИД Таджикистана и ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниҳодҳои консулии вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе ройзанӣ карданд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазоратҳои умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ баргузор карданд.

Встреча Рахмона с министром иностранных дел Объединенные Арабские Эмираты - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо вазири хориҷии Аморот масоили ифтитоҳи бонкҳо ва муҳоҷиратро баррасӣ кард

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, ин ройзаниҳо ба роҳбарии сардори Идораи кулли консулии ВУХ ҶТ Баҳром Холназаров ва муовини вазир, сарпарасти Хадамоти консулии ВУХ АМА Аҳмад Саид Алҳам Алзоҳирӣ баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин машваратҳои консулӣ роҳбарони бахшҳои консулӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои миёнидораӣ дар масоили гардишгарӣ, фарҳангӣ ва мубориза бо одамфурӯшӣ чораандешӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0