Женская колония, архивное фото

175 зан аз зиндони Норак раҳо гардид

19
(Таҷдидшуда 16:28 12.02.2016)
Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз оғози раҳоии маҳбусон дар доираи афви эълоннамудани президент ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун хабар дода, афзуд, ки дар рӯзи аввал, 3-юми ноябр, дар маҷмуъ беш 800 нафар маҳбус озод гардиданд.

ДУШАНБЕ, 03 ноя- Радиф Тоҷикистон. Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дар ин маврид иттилоъ  дода, афзуд, ки маъракаи озодкунии маҳбусон рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дошт.

Ба иттилои манбаъ рӯзи 3-юми ноябр 175 зан аз маҳбаси шаҳри Норак, беш аз 50 ноболиғ аз маҳбасхонаи ноболиғон дар шаҳри Душанбе, 500 маҳбуси зиндони Ёвону "Кирпичний" ва ҳудуди 100 нафар аз зиндони рақами яки пойтахт озод шуданд.

Раёсати корҳои ислоҳӣ мегӯяд, дар маҷмуъ бар асоси қонуни афв дар назар аст, ки ҳудуди 3500 нафар аз зиндонҳо, 4500 нафар аз колонияҳои маскунӣ раҳо гарданд ва муҳлати ҷазои то 2 000 нафар кам карда шавад. Ин 16-умин афв дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ба муносибати 20-умин солгарди Сарқонун эълон шудааст ва ҳудуди 10 ҳазор маҳбусро фаро хоҳад гирифт.

 

19