Казанский собор в Санкт-Петербурге

Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Петербург баргузор мегардад

4
(Таҷдидшуда 13:52 03.11.2014)
Санкт-Петербург яке аз аввалин бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад. Дар ин бора моҳи октябри соли 1991 роҳбарони вақти ин ду шаҳр- Анатолий Собчак ва Мақсуд Икромов шартнома ба имзо расонида буданд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Радиф, Тоҷикистон. Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар Душанбе  Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд.

  Сухангӯи ҳукумати пойтахт Шавкат Саидов ба «РИА Новости» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳо бахшида ба ин рӯзҳо ширкати  раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко дар назар аст.

«Дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе консертҳои пуршукӯҳ, вохӯриву машваратҳои доираҳои кориву тиҷоратӣ доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг ва ғайра баррасӣ мешаванд», — иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Санкт-Петербург яке аз шаҳрҳои аввалинест, ки пас аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ санаи 6-уми октябри соли 1991 дар бораи бародаршаҳр шудани шаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург шартнома ба имзо расонида буд.

4