Эрон дар Душанбе намоишгоҳи доимии колову хадамот роҳ андохт

© Фото : ParstodayОткрытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции
Открытие в Таджикистане постоянной выставки иранской продукции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази доимии намоишгоҳҳои маҳсулот ва хадамоти эронӣ ба номи "Алмос" дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ин намоишгоҳ, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон қарор гирифта, бо ҳузури ҳайъате аз сафорати Эрон ва ҷамъе аз тоҷирону бозаргонон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ParsToday, Рамазон Мирзоев, сафири пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Абдулфайз Атоев, сухангӯи пешини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин маросим ҳузур доштанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе пас аз ифтитоҳи ин марказ ҳангоми боздид аз ғурфаҳо аз ҷузъиёти ҳамкории ширкатҳои эронӣ, наҳваи ирсоли колоҳо ва хадамоташон ба Тоҷикистон огоҳ шуд. Ин ширкатҳо дар заминаи таҷҳизоти сохтмонӣ, маҳсулоти ғизоӣ, дору, фарш, санъати кафш ва бархе тавлидоти санъатии дигар фаъолият доранд.

Ба гуфтаи Абдурризо Муҳаммадӣ, мудири ин маҷмуъа, ҳамакнун 24 ширкат дар ин маркази тиҷорӣ ҳузур доранд, ки дар оянда теъдоди онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0