Истилоҳоти Фарҳангистони забону адаби форсӣ ҷаҳонӣ мешаванд

© Фото : Академия персидского языкаПрезидиум академии персидского языка, архивное фото
Президиум академии персидского языка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон ва TermNet ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи илми истилоҳшиносӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ин ёддошти тафоҳумро раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ дуктур Ғуломалӣ Ҳаддод Одил ва мудири TermNet Габриелла Зауберер имзо кардаанд.

Бино ба гузориши вебгоҳи фарҳангистон, бар асоси ин ёддошти тафоҳум мусавваботи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дар ҳавзаи илми истилоҳшиносӣ ба фарҳанги "TermTerm" афзуда хоҳанд шуд.

Фарҳанги "TermTerm" пойгоҳи додаҳо ё додагони истилоҳшинохтии чандзабонае аст, ки мунҳасиран ба илми истилоҳшиносӣ ихтисос дорад. Ҳамакнун ин додагон дорои бахшҳои инглисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва юнонӣ аст, ки ҳар кадоме ба тартиб 1900, 1350, 950 ва 1100 истилоҳро дар бар мегиранд.

Бар пояи ин тафоҳум муқаррар шудааст, ки мусаввабот, яъне вожаву истилоҳоте, ки Фарҳангистон дар ҳавзаи илми истилоҳшиносӣ сохтаву тасвиб кардааст, дар бахши забони форсӣ дар вебгоҳи TermTerm ба намоиш дароянд.

TermNet ба ибтикори ЮНЕСКО поягузорӣ шуда ва густардатарин шабакаи байналмилалии истилоҳшиносӣ дар ҷаҳон аст ва марҷаъе барои пуштибонӣ аз тарҳҳои гуногуни ин ҳавза аст. Қароргоҳи аслии TermNet дар шаҳри Вена ҷой дорад.

Профессор Додихудо Саймиддинов - Sputnik Тоҷикистон
Боз як Хуршед моро тарк гуфт: дар сӯги устод Додихудо Саймиддинов

Фарҳангистони забону адаби форсӣ то кунун беш аз 60 ҳазор вожаи форсии ҷадид барои муъодилҳои хориҷӣ тасвиб кардааст. Ин вожаҳои муъодил ба муддати се сол ба сурати пешниҳодӣ ба назархоҳӣ гузошта мешавад ва сипас бо имзои раисҷумҳури Эрон расмият пайдо мекунад. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон ҳарсола дар як вожаномаи мустақил мунташир мешаванд ва дар вебгоҳи он низ ба гунаи бархатт дар дастрас ҳастанд.

То кунун 14 ҷилди фарҳанги луғоти мусавваби Фарҳангистон мунташир шудааст. Чунончи, чаҳордаҳумин дафтари "Фарҳанги вожаҳои мусавваби Фарҳангистон" дирӯз, 22 май мунташир шуда ва камубеш 2200 вожаро дар бар мегирад.  

Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон бо Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон аз солҳо пеш дар заминаи ҳамгунсозии истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои гуногун ҳамкорӣ доранд. Дар ин росто ду сол пеш Фарҳангистон 16 ҳазор вожа ё истилоҳи илмии ҷадидро "барои истифода" дар ихтиёри Кумита қарор дода буд.

Гуфтанист, Фарҳангистони забону адабӣ форсӣ ҳамвандоне аз Тоҷикистон низ дошт. Зиндаёд устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, шодравон устод Абдулқодир Маниёзов ва зинданом устод Додихудо Саймиддинов аз аъзои пайвастаи ин фарҳангистон буданд. Чанде пеш Сафар Абдуллоҳ, адиби тоҷики муқими Қазоқистон, ҳам ба узвияти Фарҳангистон пазируфта шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0