Ҷопон бо 3,9 милюн дулор фурудгоҳи Душанберо бозсозӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Ҷопон барои анҷоми марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои анҷоми марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе каму беш 3,9 милюн дулор сармоягузорӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи Вазорати дороии Тоҷикистон, тавофуқномаи дарёфти ин сармояро вазири дороии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва мудири намояндагии JICA дар ҶТ Ҳидеки Танабе имзо карданд.

Марҳилаи нахусти ин тарҳ дар моҳи сентябри 2014 оғоз шуда ва бо ҳазинаи 17 милюн дулор иҷро шуда буд.

Ин тарҳ ба манзури беҳбуди мудирияти парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва насби таҷҳизоти поёнаи борӣ дар фурудгоҳ амалӣ мешавад.

Қарордоди иҷрои тарҳи бозсозӣ миёни ширкати саҳомии омми "Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе" ва консорсиуми ширкатҳои ҷопонии Nippon Koei Co., LTD, — Japan Airport consultant, Inc, — Daiken Sekkei Inc. баста шудааст.

Сохтусози поёнаи бории фурудгоҳ дар моҳи марти 2017 оғоз шуд. Қарор аст, ки он дар моҳи августи соли 2018 ба баҳрабардорӣ расонда хоҳад шуд.  

Лентаи хабарҳо
0