Прибытие поезда Ташкент-Москва

Умаров: бӯҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон таъсири мустақим дорад

18
(Таҷдидшуда 13:42 10.12.2014)

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бӯҳрони молиявию иқтисодии Русия ба Тоҷикистон таъсири мустақим дорад, гуфтааст иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабаргузории "Озодагон".

Бӯҳрони кунунии Русияро Умаров объективӣ номида, гуфтааст, ки он дар натиҷаи воқеъ афтодани қонуниятҳои рушди капиталистӣ ба вуҷуд омадааст.

"Коҳиши қиммати нафт ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузошта, сабаби беқурбшавиии рубли русӣ гашт. Аз ин ҷиҳат, иқтисоди Тоҷикистон, ки ба Русия вобаста аст, вазъияти дар Русия бавуҷудомадаро эҳсос карда истодааст", — гуфтааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи Умаров, дар натиҷаи бӯҳрони Русия интиқоли маблағи муҳоҷирон кам гашта, дар навбати худ ба коҳиши даромади шаҳрвандони Тоҷикистон оварда расонидааст.

"Ҳоло иттифоқҳои касаба талош мекунанд бо назардошти афзоиши сатҳи таваррум маоши коргарон низ баланд шавад, аммо то ҳол баланд нашудааст. Вақте муҳоҷир музд мегирад, ҳангоми иваз кардани он бо доллар музди кориаш хеле кам мешавад. Яъне, қариб 35-40 дарсад нисбат ба соли гузашта камтар аст", — афзудааст иқтисоддон.

Санкции в связи с событиями в Крыму и на юго-востоке Украины
© Sputnik / Инфографика

Дар идома гуфтааст, ки камбуди доллар дар дӯконҳои саррофии кишвар мардумро нигарон кардааст. Нисбат ба соли гузашта, имсол ба Тоҷикистон миқдори камтари доллари амрикоӣ ворид шудааст, аммо дар ивази он талабот афзудааст. Онҳое, ки ба Покистон, Туркия ва дигар кишварҳо барои тиҷорат мераванд, ба доллару евро ниёз доранд, аммо талаботи онҳо ба таври зарурӣ бо асъори хориҷӣ қонеъ намешавад.

Умаров бар ин андеша аст, ки дар вазъияти кунунӣ ҳукумати Тоҷикистон вазъи фавқуллодаи иқтисодӣ эълон кунад ва пеши роҳи монополистҳоеро, ки ба таври сунъӣ нархҳоро боло мебаранд, бигирад.

"Монополияе, ки баъзе ашхос дар сохторҳои давлатӣ менишинанд, дастгирӣ менамоянд. Бояд тавре кор кард, ки нархҳо аз тарафи давлат мавриди таҳлил қарор гиранд, он нархҳое ки ба таври сунъӣ боло бардошта шудаанд, ба сатҳи мӯътадил фароварда шаванд. Он касоне ки нархҳоро хеле баланд бардоштаанд, давлат онҳоро бояд муҷозот кунад", — пешниҳод кардааст Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Дар маҷмӯъ Умаров, пешниҳод дорад, ки барои берун бурдани Тоҷикистон аз бӯҳрони кунунӣ ва бӯҳронҳои эҳтимолии оянда, бояд як стротежии табодули воридот таҳия шавад. Барои таҳияи он як комиссияи хеле ҷиддӣ бо шумули беҳтарин иқтисодонони ватанӣ ва хориҷӣ аз Русияву Амрикову Чин ва ғайра ташкил шавад ва ин комиссия барои раҳоии Тоҷикистон аз ин вазъият кор кунад.

18
Барчаспҳо:
таъсири мустақим, беқурбшавии рубли русӣ, камбуди доллар, иқтисодиёт, бӯҳрон, иттифоқҳои касаба, Озодагон, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Русия, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сербистон аз эъломи таҳрим алайҳи Русия худдорӣ кард