Писарчаи савори хар. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: дар Тоҷикистон харҳо аз аспҳо дида машҳуртаранд

100
(Таҷдидшуда 10:28 13.01.2017)
Харҳо дар Тоҷикистон камёфт шудаанд. Сокинон мегӯянд, ки ба ин ҳама хитоиҳо гунаҳкоранд, чун харҳоро ба сифати дору истифода мебаранд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир тибқи маълумоти Хадамоти бойтории вазорати кишоварзии ҶТ дар тамоми қаламрави кишвар 180 ҳазор хар вуҷуд дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки ин ҳйвонот дар корҳои хоҷагӣ, махсусан барои минтақаҳои кӯҳӣ беҳамтоянд.

Ба қавли таҳлилгари мустақил Сабоҳат Сафарова, бартарии асосии хар, тобоварии он мебошад.  Харҳо дар қиёс бо апсҳо қодиранд, рӯзи дароз кор кунанд.

"Боз як бартарияти хар нисбат ба асп, ин аст, ки харҳо дар манотиқи кӯҳӣ бе мамоният гашту гузор мекунанд. Ва онҳо дар шароити тобовар метавонанд зиндагӣ кунанд",-гуфт Сафарова.

Барои ҳамин хар дар Тоҷикистон дар ҳар хоҷагии қишлоқ аз асп дида хар муҳимтар аст. Қариб дар ҳамаи хоҷагиҳо хар вуҷуд дорад, аммо асп кам аст,-гуфт коршинос зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

100
Барчаспҳо:
тобоварӣ, шӯҳрати харҳо, асп, Хадамоти бойтории вазоарти кишоварзии Тоҷикистон, Сабоҳат Сафарова, Тоҷикистон