Ишенко: Тоҷикистон ва Узбакистон дер ё зуд ба ЕАЭС ворид мешаванд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкРостислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ
Ростислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Узбакистон дер ё зуд албатта ба ЕАЭС (Иттиҳоди Иқтисолди АвруОсиё) ҳамроҳ мешаванд, зеро дар оянда ин созмон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik.  Ба қавли сиёсатшиноси рус Ростислав Ишенко намояндагони Тоҷикистон ҷонибҳои мусбат ва манфии дохилшавиро аллакай омӯхтаанд ва онҳо ҳамаи чиро медонанд.

"Ман намефаҳмам вақте мегӯянд, ки намояндагони ин кишвар масъалаи воридшавиро омӯхта истодаанд. Чиро бояд омӯхт? Ё ворид мешавӣ, ё не. Намояндагони Тоҷикистон диом дар муҳокимаҳои масъалаи зерин ҳозиранд, онҳо ҳамаи чиро медонанд",-гуфт Ростислав Ишенко ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ бовар дорад, ки мушкилот дигар аст. Бархе аз кишварҳои қарор доданд, ки ЕАЭС-ин Иттиҳоди Шӯравӣ аст, вале танҳо дар соҳаи иқтисод. Истиқлолияти сиёсӣ пурра дар дасти ҳукумати Тоҷикистон ё дигар кишвар мемонад.

"Онҳо фикр мекунанд, ки ин маркази бой буда,  ба фоидаи худ кор мекунад.  Ҳарчанд, ки созишнома ин бозори бузурги иттиҳодӣ аст, марҳамат савдо кунед. Бозори шумо қариб 200 миллион дорад".

Андрей Захватов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Захватов: “Тоҷикистон баъди таҷрибаи Қирғизистон, Белорусро меомӯзад"

Вале дар иттиҳод ягон намуди лгот нест. Шумо дар сурати пайвастан ба созмон ба бозори 146-миллионаи Русия роҳ ёфта, ба қарзҳои бузурги Федератсия Русия дастрасӣ пайдо мекунед. Дар ҳамин бозор кор кунед, ба дигараш роҳ намедиҳанд",-қайд кард сиёсатшинос.

Агар дар бораи Узбакистон гӯем, ин ҷо мушкилот аст. Узбакистон бо Қазоқистон дар чанд ҷабҳа рақобат дорад, масалан барои лидерӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар баробари ин Узбакистон чун Туркманистон кишвари баста аст.

"Ин масъалаи муносибатҳои Русия ва Узбакистон нест. Ҳастанд мушкилоте, ки Узбакистон бояд бо ҳамсоякишварҳо ҳал кунад. Вале то замоне, ки ин масъалаҳо ҳал нашудаанд, барои Узбакистон ворид шудан ба созмон хатар дорад",-мегӯяд Ростислав Ишенко.

Ӯ бовар дорад, ЕАЭС дар ояндаи наздик шарики Иттиҳоди Аврупо меҳшавад.  Ва барои савдо кардан дар чунин бозори бузург кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд ба ЕАЭС ворид шаванд, чун ба Иттиҳоди Аврупо ин давлатҳоро касе роҳ намедиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон бошад, то ҳол намедонад, ки ба созмон ворид мешавад ё не. Мо то ҳол намедонем, ки аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ бо фоида мо аст ё ба зарари мо, гуфт Хуршед Каримзода муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ.

"Мо пеш аз оне, ки ба ин Иттиҳод дохил шавем, бояд донем, ки ба ин бозор кадом маҳсулоти хешро пешниҳод мекунем",- гуфт Хуршед Каримзода.

Лентаи хабарҳо
0