Сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ

Коршинос: сохтмони сарбанди Роғун аз рӯи Сарез хатар дорад

311
(Таҷдидшуда 10:59 23.01.2017)
Олими донишгоҳи физика Евгений Рогожин бар он аст, ки бо дарназардошти мукаммалии сарбанди табиии Сарез, нусхабардорӣ кардани сарбанди Роғун аз он, хатар дорад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.  Ба қавли ӯ зимни сохтани сарбанди Роғун бояд шароити ҷуғрофӣ пурра омӯхта шуда, таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ оиди сохтмони чунин иншоот ба назар гирифта шавад.

Муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Шоҳиён, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки сарбанди нерӯгоҳи Роғун монанди  кӯли Сарез сохта мешавад.

"Ба фикри ман пурра нусхабардорӣ кардани сарбанди кӯли Сарез  бефоида аст",-гуфт Евгений Рогожин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба қавли ӯ тобоварии кӯли Сарез ба заминҷунбии 9-балӣ, (Ки намояндагони КҲФ-и Тоҷикистон гуфта буданд-шарҳ аз идора), аз будаш зиёд аст. "Обхезӣ имкон дорад. Ҳоло дар кӯли Сарез оромӣ аст. Кӯл зиёда аз сад сол боз хуфтааст".

"Вале бояд дарк кард, ки Худо нокарда агар ягон офати табиӣ, ярч ё сел ояд, бидуни вайрон кардани сарбанд об метавонад ба минтақаҳои гирду атроф таъсири мусбат расонад",-мегӯяд олим.

Сарез-яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастанд.

Сатҳи чуқуртарини кӯл то 500 метр мерасад. Ҳаҷми умумии об айни ҳол 90%-и ҷараён ва гардиши солонаи Амударёро ташкил медиҳад. Дарозии обанбори табиӣ аз 50 километр зиёд буда, бараш 3,5 километр мебошад.

311
Барчаспҳо:
нусхабардорӣ аз Сарез, сохтмони сарбанд, НБО "Роғун", Евгений Рогожин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?
Кӯли Сарез метавонад қисми зиёди Осиёи Марказиро шуста барад
Сарез-марвориди кабуд дар куҳҳои Тоҷикистон
Кӯли Сарез аз зилзила зарар надидааст