"Зери коса нимкоса": Чаро Тошканд парвоз аз Душанберо напазируфт?

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirШиркати ҳавоии "Сомон Эйр", акс аз бойгонӣ
Ширкати ҳавоии Сомон Эйр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷом наёфтани нахустин парвози расмӣ дар масири Душанбе – Тошканд ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард. Мардум интизор буданд, ки саранҷом пас аз 25 сол роҳи ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя боз мешаваду шаҳрвандон метавонанд бо ҳавопаймо ба Тошканд парвоз кунанд.

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон аз ин ки Тошканд ин парвозро напазируфт, шигифтзадаву нигарон шудаанд. Бархе низ дар вокуниш ба ин хабар гуфтаанд ки Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаргиз бо ҳамдигар дӯст набудаанд. Аммо ин масъала худ мавзуъе барои баррасии ҷудогона аст.

Интишори ин хабар фарзияву гумонҳои гуногунеро дар пай дошт. Нахуст ширкати "Сомон Эйр" хабар дод, ки фурудгоҳи байнулмиллалии Тошканд ин парвозро бо далоили фаннӣ напазируфта аст, вале он далоилро рӯшан накардааст.

Тайёрӣ ба интихобот дар Ӯзбакаистон - Sputnik Тоҷикистон
Саҳифаи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон. Баъд аз интихобот

Сипас хабаргузории "РИА Новости" аз Тошканд хабар дод, ки ин парвоз бо тақсири тарафи тоҷикӣ пазируфта нашуда ки асноду мадорики онро дуруст омода накардааст, аз он ҷумла, ҷадвали парвозҳои мунтазамро бо тарафи узбакӣ ҳамоҳанг накардааст. Аммо ин хабаргузорӣ имрӯз ба нақл аз манобеи худ дар ширкати тоҷикии "Сомон Эйр" далели анҷом нашудани парвозро масоили амниятӣ хонд, вале боз ҳам он далоилро тавзеҳ надод.

Дар паи ин гумоназаниҳо Sputnik Тоҷикистон назари коршиносонро дар ин бора ҷӯё шуд.

Ин рухдод бештар ҷанбаи сиёсӣ дорад

Аз онҷумла, Раҳим Бобохонов, пажӯҳишгари масоили минтақаӣ дар Фарҳангистони улуми Русия, дар ин бора се фарзияро пешниҳод кард: ки яке далоили фаннӣ, дигаре амниятӣ ва севумӣ далоили сиёсӣ аст. Вай дар мусоҳиба бо хабарнигори мо гуфт: "Сабабҳои манъ кардани хатсайри Душанбе — Тошканд дақиқан маълум нестанд ва ҳар сабабе, ки пешниҳод мешавад, танҳо баҳона ҳасту халос. Лекин ин рухдод бештар ҷанбаи сиёсӣ дорад".

Ба гуфти вай, ин ки мегӯянд ҷадвали парвозҳо ҳамоҳанг нашуда ва далоили амниятиро пеш меоваранд, баҳонае беш нестанд. Вай гуфт: "Ин далоил фаннӣ нестанд, зеро ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳануз дар авохири соли 2016 қарор дода буданд, ки парвозҳоро аз сар мегиранд ва ин мавзуъ борҳо дар музокироташон баррасӣ шуда буд. Аз ин рӯ, як ҷадвал наметавонад баҳонае барои напазируфтани парвозҳо шавад ва ин қазия саҳлангароии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонро нишон медиҳад".

Вай афзуд: "Далелашон амниятӣ ҳам наметавонад бошад. Гарчи Узбакистон ҳамвора нигарон аст ки Толибон марзи Тоҷикистону Афғонистонро рахна хоҳад кард, вале ҳамакнун вазъ дар марз нисбатан ором аст ва аз ҳеч хатаре бар амнияти минтақа гузориш дода нашудааст".

"Зери коса нимкосае бояд бошад"

Раҳим Бобохонов бар ин бовар аст ки парвози Душанбе ба Тошканд бо далоили геополитикӣ баргузор нашудааст. Вай гумон дорад ки эҳтимолан миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Узбакистон мушкиле пеш омада ва аз ин ҷост ки Тошканд тасмиме ногаҳонӣ гирифта ва онро бо баҳонаҳои гуногуне ироа мекунад.

Ин коршинос эҳтимол медиҳад ки яке аз муҳимтарин далелҳои анҷом нагирифтани ин парвоз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон аст ки ба зудӣ сурат хоҳад гирифт. Вай гуфт: "Тошканд аз пайомадҳои сафари Путин ба Душанбе нигарон аст, зеро Узбакистон кӯшиш дорад қудрати минтақаии Осиёи Марказӣ бошад ва Тоҷикистонро низ тобеъ кунад".

роҳо оҳан, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мехоҳанд роҳи оҳани нав бунёд кунанд

Вай афзуд: "Узбакистон мехоҳад мавқеи худро дар Тоҷикистон ҳарчи бештар устувор кунад. Нармиш дар равобит бо Тоҷикистон ки Узбакистон ба роҳбарии Мирзиёев пеш гирифтааст, далоили худро дорад: осон шудани дарёфти раводид, аз сар гирифтани парвозҳо ва рафту омади қаторҳо дар роҳи оҳан, тиҷорати марзӣ — ин ҳама ҷилваҳои сиёсати Узбакистон аст, ки мехоҳад Тоҷикистонро ҳарчи бештар вобаста кунад".

Далели аслӣ сафари Путин ба Тоҷикистон аст

Раҳим Бобохонов мегӯяд: "Шояд ҷониби Узбакистон вобаста ба сафари Путин ба Тоҷикистон хабаре шунида ки гӯё Тоҷикистон мехоҳад равобиташ бо Русияро дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё беҳтар кунад? Узбакистонро ки мехоҳад дар Осиёи Марказӣ фармонфармо бошад, аз чунин сурат гирифтани рухдодҳо хуш намеояд".

Ба гуфтаи вай, Узбакистон мунтазир аст ки Тоҷикистон дар паи сафари кишвардори Русия чӣ тасмиме хоҳад гирифт то равобити Тошкандро бо Душанбе беҳтар ё бадтар гардонад.

Вай муътақид аст ки "Ҳукумати Узбакистон ба натиҷаи сафари Путин ба Тоҷикистон нигоҳ карда кор меканд".

Ба гумони вай, агар равобити Тоҷикистон бо Русия дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё беҳтар шавад, Узбакистон дубора аз дӯстӣ бо Тоҷикистон рӯйгардон мешавад, вагарна — равобиташро бо оҳанги пешина идома хоҳад дод.

Ин коршинос муътақид аст ки лағви парвоз дар масири Душанбе — Тошканд далоили дақиқе дорад ва ончи то кунун тарафҳо гуфтаанд, баҳонае беш нестанд.

Вай афзуд: "Ба ҳар ҳол бояд мунтазир шуд. Ҳалли ин қазия вақт металабад. Далоили аслии ин рухдод ҳатман муайян хоҳанд шуд".

Лентаи хабарҳо
0