Хилватшоҳ Маҳмуд: “Ожонси мубориза бо фасод баста шавад”

© Фото : FacebookХилватшох Махмуд
Хилватшох Махмуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон 17 тан аз кормандони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ба иттиҳоми ҷаъли аснод ва ришваситонӣ дастгиру боздошт шудаанд, вале дар ин ниҳод гуфтаанд, ки ин кормандон пеш аз ин ки боздошт шаванд аз кор бар канор шуда буданд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ин хабар дар ҷомеъаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон сари ин мавзуъ бо коршинос ва рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳ Маҳмуд суҳбат кард.

Хилватшоҳ Маҳмуд иброз дошт, ки пас аз ин сару садоҳо атрофи ин ниҳод, аввалин андешае, ки ба зеҳнаш омад ин буд, ки "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бояд баста шавад.

"Пеш аз таъсиси ин ожонс дар кишвар чанд ниҳоди дигар тамомии он масъулият ва вазоиферо доштанду доранд, ки ин агентӣ ба уҳда гирифт. Соддатар агар бигӯем, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кулл, Вазорати умури дохила ва Утоқи муҳосибаи Тоҷикистон шуъба ва раёсатҳои мубориза бо фасод (коррупсия) вуҷуд дорад. Ҳоло дигар чӣ ҷои нигоҳ доштани як идораи зиёдатӣ дар чунин шароит боқӣ мемонад?", — мепурсад коршинос.

Вай суханони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи моҳи январи имсолро, ки ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Ожонс баргузор шуда буд, ёдоварӣ кард, ки "…худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд".

"Фикр мекунам, зарурати таъсис ва ё созмондиҳии ниҳоди дигар вуҷуд надорад. Агар ваколату вазоифи раёсату шуъбаҳои марбута дар он чор сохтори давлатӣ, ки номашонро дар боло гирифтем, мушаххас шавад, рӯшан аст, ки кор ба гунаи беҳтар ва ба самти мусбат ҷараён хоҳад гирифт. Ин ниҳодҳо агар тайи се моҳ як маротиба аз фаъолияти анҷомдода дар ин росто ба раисҷумҳур, ҳукумат ва маҷлис гузориш диҳанд ва ин омор расонаӣ шавад, дақиқан ба нафъи кор аст", — гуфт ӯ, вале таъкид кард: "аммо ин назари инфиродии ман аст ва пешниҳоди як шаҳрванд, на чизе бештар аз он".

Хилватшоҳ Маҳмуд бар ин бовар аст, ки барои решакан кардани фасоду фасодкорӣ дар кишвар бастани ожонс басанда набуда, бояд ҳама қишрҳои ҷомеа бо фасод мубориза баранд:

"Барои аз байн бурдани фасоду фасодкорӣ, ришваситонӣ ва базаҳкориҳои фасодзо, на танҳо хадамоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ, балки кулли ҷомеъа вазифадор аст. Агар ҷомеъаи шаҳрвандӣ, қишрҳои мухталифи шаҳрвандони кишвар даст ба дасти ҳам дода, бо ин падида мубориза накунанд, решакан кардани фасод амрест муҳол".

Ба қавли ӯ, агар бо бастани шудани ин ниҳод дар кишвар сатҳи фасод паст нашавад ҳам, маблағе, ки барои музд, сафарҳои хизматӣ ва ҷоизаҳои масъулони ин ниҳод сарф мешуд, ба фоидаи будҷа равона мегардад.

"Ҳадди аққал бо баста шудани як чунин ниҳод аз ҳисоби маошу нигаҳдории идораҳои зиёд, нақлиёту дигар васоил (сафарҳои хидматӣ, ҷоизаҳо…) маблағи ҳангуфте ба фоидаи будҷа сарфа мегардад", — гуфт рӯзноманигори тоҷик.

Ӯ ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров низ дар ишора ба рухдодҳои ахир гуфта, онҳое, ки бояд бо фасоду фасодкорӣ мубориза баранд, мутаасифона, худ ба фасод даст задаанд.

Лентаи хабарҳо
0