Латиф Пидром, акс аз бойгонии шахсӣ

Латиф Пидром: Ҷанги Афғонистон ва чолишҳои Осиёи Марказӣ

512
(Таҷдидшуда 12:25 08.10.2017)
Вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон ва раиси ҳизби "Конгреи миллӣ" мегӯяд, ки Амрико ва Ғарб мехоҳанд ҷангро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ бикашонанд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Латиф Пидром дар мақолае, ки махсус барои Sputnik Тоҷикистон навиштааст, пайомадҳои ҷанг дар Афғонистон ва асару таъсираш бар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро таҳлил кардааст.

Пеш аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 Збигнев Бжезинский дар як суханронӣ дар Мюнхени Олмон гуфта буд, ки "200 милюн мусулмон дар ҷануби марзҳои Русия ба ҷанг бо ин кишвар хоҳанд рафт". Дар замони ҳузури Шуравӣ дар Афғонистон, Ғарб, ба вижа ИМА, бо нерӯҳои радикалии исломӣ эътилоф кард, то ки ваҳшатноктарин ва сахтарин ҷанг бо Иттиҳоди Шуравиро раҳбарӣ кунад. Дар идомаи ин "эътилофи номуқаддас" ҷунбиши "Толибон" ва дигар гурӯҳҳои радикалии исломиро эҷод кард ва ҷанг пас аз хуруҷи Артиши Сурх аз Афғонистон низ ҳамчунон идома ёфт.

Дидгоҳҳои Амрико, ки дар гузашта ба манобеъи нафтӣ ва иқтисодии Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мутамаркиз шуда буд, ҳоло вориди марҳилаи рақобати стратегӣ шудааст: кӯшиш ва рақобат барои эҷоди султа бар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ — ду ҳавзаи муҳимми тамаддунии ҷаҳон.

Кондолиза Райс, вазири пешини умури хориҷаи ИМА борҳо гуфта буд, ки «мо дар Ироқу Афғонистон ба думболи манофеъи Амрико ҳастем, на таъмини демократия». Ҳақиқат ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба рақобатҳои кунунии чандҷониба, Афғонистон чизе бештар аз як пойгоҳи низомӣ ва стратегӣ барои Амрико аҳамият надорад. Афғонистон фақат барои судури ҷанг ва дар ниҳоят заъифсозии рақибон (Чин, Русия) ё султаи комил бар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мавриди истфиода қарор мегирад.

Толибон ва ДОИШ акнун беш аз 60% дарсади ҷуғрофиёи рустоӣ ва то ҳудуде шаҳрии Афғонистонро таҳти контрол даровардаанд ва ҷангро ба вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон низ бурдаанд. Ҷанг акнун то каронаҳои дарёи Ому расидааст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳдофи баландмуддати Амрико, сулҳ дар Афғонистон ба вуҷуд намеояд, магар он ки ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуълавар гардад ва буҳрон дар ҳавзаи геополитики Русия фарогир шавад.

Намояндагони давлати Кобул, ки худ муҷрии (иҷрокунандаи) барномаҳои ИМА дар минтақа ҳаст, дар диду боздид бо мақомоти баландпояи Русия ва Осиёи Марказӣ ба онҳо иттилоъоти ғалат медиҳанд ва мехоҳанд онҳоро дар ғафлат бигузоранд. Барои ҳар таҳлилгар равшан аст, ки густариши ҷанг ба Осиёи Марказӣ Русияро бо буҳронҳои шадиди сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дучор мекунад. Ҳануз ин кишварҳо бо Русия дар зинаҳои мухталифи иқтисодӣ ва амниятӣ пайванду вобастагии жарф доранд. Бори ҷанг дар Осиёи Марказӣ бештар ба дӯши Русия хоҳад афтод ва онро аз назари иқтисодӣ ба чолиш хоҳад кашид ва системаи пулии ин кишварро зери таъсир қарор хоҳад дод.

Бо таваҷҷуҳ ба он чи ИМА дар Афғонистон анҷом медиҳад ва иродаи надоштани амрикоиҳо ба сулҳ дар Афғонистон ва сиёсати султахоҳонаи Амрико, густариши ҷанг ба Осиёи Миёна ҳатмӣ ба назар мерасад.

Оё Русия ва муттаҳидонаш метавонанд аз чунин як фоҷиъае ҷилавгирӣ кунанд? Дар хушбинонатарин ҳолат ва дар сурати тасмими қатъии Русия, агар радикалҳои исломӣ шикаст бихӯранд, (ки феълан баъид ба назар мерасад), навъи дигаре аз ҷангу рақобат миёни қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ идома хоҳад ёфт.

Осиёи Миёна ҳавзаи геополитикӣ, геоэкономикӣ ва геостратегии Русия ва низ то ҳудуде ҳавзаи нуфузи Ҷумҳурии Халқи Чин аст. Дар ниҳоят ва дар охири кор Русия, Чин ва муттаҳидонашон дар ин ҳавза Амрикоро шикаст хоҳанд дод. Аммо буҳрон ва ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ мисли Ховари Миёна барои муддатҳои тулонӣ идома хоҳад кард. Амрико аз ин буҳрон суд хоҳад бурд. Буҳрон ба зиёни қудратҳои минтақаӣ хоҳад буд.

Ба назари кишварҳои ғарбӣ ва хоса Амрико ва даъвое, ки доранд, сохторҳои суннатӣ — сиёсии Осиёи Марказиро бо сиришти модерн ва ҷаҳони навин, ки демократия аз созандҳои аслии он аст, созгор намедонанд ва ба ҳамин далел барои худ ҳаққи мудохила дар кишварҳои ҷаҳони севумиро медиҳанд ва ба ҳаққи интихоби кишварҳои дигар эҳтиром намегузоранд. Русия ҳам шояд ин сохторҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар бархурд бо раванди ҷаҳонӣ шудан ва дунёи модерн аз назар дур наяндозад ва ба ин ноҳамхониҳо таваҷҷуҳ кунанд.

Бунёдгароии исломӣ ҳамчун абзоре дар ихтиёри Амрико қарор дорад ва аз ин абзор барои эҷоди буҳрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мекунад. Шояд қудратҳои мухолиф бо Амрико ҳам ба ин абзор бетаваҷҷуҳ набошанд ва дар нуқоте аз он истифодаи абзорӣ намоянд. Бино бар ин Осиёи Марказӣ бо чолишҳои ҷиддӣ ва сахт рӯ ба рӯ аст.

Ҳузури ишғолгаронаи ИМА дар Афғонистон ва рушди рӯзафзуни Толибон ва ДОИШ ҷангро ба манотиқи шимолии Афғонистон овардааст. Агар Толибон ва ДОИШ муваффақ шаванд чанд вилоятро дар шимол ба даст оваранд, ҷангҷӯёни мусулмон аз кишварҳои дигар дар он вилоятҳо таҷаммуъ хоҳанд кард. Теъдоде аз ин гурӯҳҳо, муташаккил аз ӯйғурҳо, чечениҳо, тоҷикҳо, узбакҳо, қазоқхо ва ғайра дар вилоятҳои Ҷалолобод, Кунар, Нуристон, Лағмон дар шарқ ва Бадахшон, Сари пул, Форёб, Қундуз ва Бағлон дар шимол ва шимолу шарқ ҳузур доранд. 

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебоист бо нерӯҳои дунявӣ ва миллигаро ва демократии Афғонистон дари гуфтугӯву ҳамкориро боз мекарданд. Сармоягузорӣ рӯи нерӯҳои радикалии исломӣ ва шуморе аз танзимҳои ҷиҳодӣ як иштибоҳи бузург аст. Ин гуна нерӯҳо худ гирфитори андешаи радикалии исломӣ ҳастанд ва метавонанд бо Толибон ва ДОИШ ба далели муштаракоти динӣ, мазҳабӣ ва идеологӣ канор биоянд ва эътилоф кунанд. Дар сурате, ки қудрати Толибон ва ДОИШ ба ҳадди боло ва субот дар Афғонистон бирасад, нерӯҳои радикалии исломӣ дар Афғонистон бо Толибон ва ДОИШ ва нерӯҳои радикалии динии Осиёи Марказӣ муттаҳид хоҳанд шуд.

Ба ҳар ҳол, бо таваҷҷуҳ ба рушди бунёдгароии исломӣ ва низ бархурди Ғарб бо сохторҳои суннатии Осиёи Марказӣ, ин ҳавза дар маърази таҳдидҳо ва чолишҳои ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт. Коҳиши шиддати ҷанг дар Афғонистон маътуф ва машрут бар густариш ва ташдиди ҷанг дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Яъне ҷанг дар Афғонистон замоне фурӯкаш хоҳад шуд, ки гурӯҳҳои тундрав ҷангро бо худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ набаранд. Барномаи Ғарб бурдани ҷанг аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ аст. Пас ҳануз аз сулҳ хабаре нест.

512
Барчаспҳо:
ҷангу ҳаросафканӣ, Ғарб, Осиёи Марказӣ, Русия, Амрико, Латиф Пидром, Афғонистон-Тоҷикистон-Русия
Мавзуъ
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд
Коршинос: ҷанг дар Афғонистон намегузорад ки Тоҷикистон тарҳҳояшро дар Осиё густариш диҳад
Сайфулло Сафаров: ҷанг дар шимоли Афғонистон таҳдидест бар амнияти Тоҷикистон