“Парандабозор” дар Душанбе: боғи вуҳуш дар фазои озод

10
(Таҷдидшуда 17:55 14.01.2015)
Бозори маъруф ба "парандагон"-ро, ки танҳо рӯзҳои якшанбе дар гӯшае аз Душанбе фаъол аст, тақрибан ҳар сокини пойтахт медонад - инҷон мумкин аст анвои мухталифи парандагон, харгӯшҳо ва ҳатто сагҳои немисиро харидорӣ кард.

Сарфи назар аз интихоби васеи парандаҳо, сагҳо ва ё як қатор вуҳуши дигар, дар бозор қоидаҳои санитарӣ ва амниятӣ риоя намешаванд — сагҳо даҳонбанд надоранд, харгӯшҳо дар қуттиҳои картонӣ нигаҳ дошта мешаванд, парандаҳо бошанд — дар бордонӣ мошинҳо.

 

10
  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар бозори "парандаҳои" Душанбе мумкин аст парандаҳои аҷоибу ғароиби зиёдеро дид, ки бештари онҳо ҳамроҳ бо қафасҳояшон фурӯхта мешаванд.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Бархе аз парандаҳоро рӯи даст мегиранд, ба он хотир ки бозориҳо онҳоро аз наздик ва ба роҳат тамошо кунанд.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Бархе аз болдорҳо бошанд, гуруҳ-гуруҳ рӯи замин хоб мераванд

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Қисми зиёди парандаҳоро дар мошин мебиёранд ва аз дохили мошин маҳсулоти зинда мефурӯшанд.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Ба ҷуз аз парандаҳо, дар ин бозор яке аз маҳсулоти серталабот харгӯшҳо ба шумор мераванд - дар бозор ин маҳсулотро ба миқдори зиёд пайдо кардан мумкин аст.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар бозори "парандаҳо" мумкин аст барои худ як дӯсти хуби чаҳорпо интихоб кард, ки қимати ҳар кадоми он аз заташон вобаста аст.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Бисёрии фурӯшандаҳоро ин факт, ки бояд дар ҷойҳои пуродам сагҳо даҳонбанд дошта бошанд, ба ташвиш намеорад, қавоиди санитарӣ бошад комилан фаромӯш шуааст.

  • Дар бозори парандаҳои Душанбе
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар бозор ба ҷуз аз ҳайвонҳо, анвои мухталифи ҷиҳоз барои онҳо мавҷуд аст, сар карда аз банду даҳонбанд то қафасҳои зебову гуногун.