Ҳунари ду насл: намоишгоҳи наққошиҳо дар Душанбе

13
(Таҷдидшуда 15:59 20.04.2015)
Мо аз намоишгоҳи наққошон - Олим ва Бону Камоловҳо, ки дар меҳмонхонаи "Серена"-и пойтахт баргузор мешавад, дидан кардем. Ба тавваҷӯҳи шумо бархе аз осори онҳоро қарор медиҳем.

Дар ин намоишгоҳ беш аз 70 осори рассоми саршиноси тоҷик — наққошон Олим Камолов ва духтараш Бону ба марази тамошочиён гузошта шудааст. Ҳар як асари онҳо хоҳ наққошӣ бошаду, хоҳ ҷиҳози наққошишудаи хона ва ё лӯхтаки латтагӣ, ҳар як асари Камоловҳо бозгӯйи ифтихор ва пуштибонии рассомон аз фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

 

13
  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар маҷмӯъ дар намоишгоҳи меҳмонхонаи "Серена" ҳудуди 70 асари Олим ва Бону Камоловҳо ба марази тамошочиён гузошта шудааст. Ба гуфтаи дастандаркорон ин намоишгоҳ ба манзури қадрдонони дохиливу хориҷии ҳунари наққошӣ таъсис дода шудааст.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Мавзӯъи осори наққошони тоҷик мухталиф аст: аз мавзӯъоти марбут ба маросимҳои қадимаи гузаштагон ва то биниши дақиқи наққошон ба ин ё он масоили феълии рӯзгор.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Бештаре аз осори Камоловҳо тибқи наҳваи саршиноси асрҳои миёна иҷро шудаанд.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Бахши вижаи ин намоишгоҳро ҷиҳози наққошишудаи миллӣ ташкил медиҳанд, ки дар қиболи осори рассомӣ низ осори ҳунарӣ дониста мешаванд.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Дар ин кӯза бо ҳунари наққошӣ рукнҳои аслии ҷашни миллии Наврӯз таҷассум ёфтаанд.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Наққошӣ ба ин далел шӯҳрат дорад, ки гоҳе назареро на бадтар аз китоб метавонад мунтақил бидиҳад ва ин осорро соатҳои тӯлонӣ ба хотири нақши ҷузъиётҳо тамошо кардан мумкин аст.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Бахши ҷудонашавандаи ҳар як наққошӣ вуҷуди расме дар он аст, ки дар худ ақидаи амиқи фарҳангии як халқро дар бар дорад.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев

    Бозичаҳои латтагӣ ҳамчун рамзи бозстоби фарҳанги миллӣ аст.

  • Намоишгоҳи рассомони наққош Олим ва Бону Камоловҳо
    © Sputnik Амир Исаев.

    Хоҳишмандон метавонанд осори мақбулшударо аз муаллифонаш харидорӣ кунанд. Вале намоишгоҳ бад ин манзур аст, ки аз осори самимии наққошони тоҷик ҳаловат бубарӣ. Фурсат ҳанӯз барои ин кор ҳаст: намоишгоҳ то 30 апрел идома меёбад.

Барчаспҳо:
намоишгоҳи наққошон, меҳмонхонаи "Серена", Бону Камолова, Олим Камолов, Тоҷикистон