Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзи истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд

74
(Таҷдидшуда 17:43 15.09.2016)
  • Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-таърихии Истиқлол
  • Кушодашавии маркази фарҳангию таърихии Истиқлол дар Хуҷанд
  • Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-таърихии Истиқлол
  • Гузашти низомӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ
  • Гузашти низомӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ
  • Тантанаҳои ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба истиқлолияти ҶТ

Дар шаҳри Хуҷанд тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Шоми рӯзи чоршанбе дар шаҳри Хуҷанд баъди ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии "Истиқлол" дар майдони асосии шаҳри Хуҷанд гузашти низомӣ бо иштироки 15 ҳазор нафар баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар дар шаҳри Хуҷанд иштирок кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Дар 25 соли соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳоҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзоиш ёфт ва дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб беҳтар гардид",-гуфт президенти зимни суханронӣ.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷолибу диданӣ буд.

74