Мактаб,мева ва чорво: боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон

185
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ноҳияи Данғара бо рушди соҳаҳои гуногуни ин ноҳияи Хатлон шинос шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди сафари корӣ ба ноҳияи Данғара якчанд бунгоҳи омӯзишиву кишоварзиву санъатиро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, раҳбари Тоҷикистон дар раванди ин сафар дар рустоҳои Сангтӯда ва Хуррамзамин сохтмонҳои нави ду дабиристонро ба баҳрабардорӣ расонд.

Вай ҳамчунин дар маросими баҳрабардорӣ аз марҳилаҳои дувум ва севуми тарҳи обёрии заминҳои кишоварзии водии Данғара ширкат кард. Дар паи иҷрои ин тарҳ дар солҳои 2001 — 2016 бар заминҳои кишоварзии ноҳия боз 4,2 ҳазор ҳектор киштзор афзуда шуд. Ҳазинаи куллии иҷрои ин мароҳил 42 милюн дулор буда ва барои иҷрои мароҳили поёнии он дар соли 2017 беш аз 380 ҳазор дулор ҳазина шудааст.

Дар ин сафар ҳамчунин ҷӯйбори обёрии тарҳи "Водии Данғара — 3" низ ба баҳрабардорӣ расонда шуд. Ин ҷӯйбор 39 килуметр дарозо дорад ва оби рӯди Вахшро ба 900 ҳектор пахтазор, 300 ҳектор гандумзор, 100 ҳектор полез, 100 ҳектор алафзор ва 300 ҳектор боғ хоҳад расонд.

185
  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
    © Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook

    Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни гузоштани хишти аввал дар яке аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳияи Данғара.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

    Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон канали “Водии Данғара - 3”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
    © Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook

    Раисҷумҳур дар Сангтуда мактаби нав кушода, дохили мактаб аз ҷумла ошхонаи онро аз назар гузаронид.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
    © Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook

    Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони маҳаллӣ аз наздик шинос шуда ва мулоқот кард.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
    © Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook

    Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маркази савдои Каёнуши ноҳия аз намоиш фуруши чорвои хушзоту маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуд.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
    © Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook

    Аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят кишоварзони номдор дастранҷи хеш, маҳсулоти кишоварзӣ, намунаи чорвои хушзоти хурду калон ва намудҳои гуногуни паррандаю моҳиро ба мараз гузошта, маҳсулоти нонӣ, хушкмева, обу шарбатҳои мевагин, маҳсулотҳои консервашуда, гушту маҳсулот аз гушт, ширу маҳсулоти бо шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатию кишоварзиро пешкаш намуданд.

  • Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад.