Обращение Президента РФ В. Путина с ежегодным посланием к Федеральному собранию

Рейтинги баланди Путин ва коҳиши қурби рубл пеш аз паёми имсола

0
(Таҷдидшуда 14:26 05.12.2014)
Ба президент зарур меояд, дар шароити коҳиши қурби рубл, пойинравии бесобиқаи нархи нафт ва пешгӯиҳои начандон хуб дар мавриди рушди иқтисоди кишвар баромад кунад.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Имрӯз Владимир Путин, сарвари ФР паёми солонаи президенти Русия ба маҷмаи Федералиро ироа хоҳад кард. Ин севвумин паёми Путин дар даври сеюми раёсатҷумҳурии ӯ хоҳад буд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Паёми президент ба парлумон тибқи муқаррароти сарқонун ироа мешавад ва аз асоситарин рӯйдодҳои сиёсӣ маҳсуб мегардад. Аммо дар соли равон, таваҷҷӯҳи бештари сокинон ба паём равона шудааст, зеро вазъи иқтисодии Русия, минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли ҳозир ба сурати оддӣ нест.  Ба райисҷумҳур зарур меояд,  дар шароити коҳиши қурби рубл, пойинравии бесобиқаи нархи нафт ва пешгӯиҳои начандон хуб дар мавриди рушди иқтисоди кишвар баромад кунад.

Дар ҳамин ҳол, рейтинги роҳбари амалкунандаи Русия дар дохили кишвар хеле боло буда, ин дар пасманзари ҳаводиси ба ФР пайваст шудани Қрим, сард гардидани муносиботи Коремл бо Ғарб ва ҳодисаҳои маълуми Украина сурат гирифтааст. Ба иттилои маркази таҳлилии "Левада",  дар охири моҳи ноябр ҳудуди 85 % русиягиҳо ба фаъолияти Путин баҳои баланд дода, 57 дарсади пурсидашудагон ба ӯ эътимоди қавӣ  доштаанд.

Анъанаи ироаи паёми президенти Русия таърихи 20-сола дорад. Барои нахустин бор Борис Елтсин, райисҷумҳури вақти ФР 24-уми феврали соли 1994 таҳти унвони "Дар бораи таҳкими давлатдории Русия" ба маҷмаи Федералӣ паёми худро ирсол дошт. Соли 2013 Путин паёмашро 12-уми декабр ироа кард. Ӯ зимни суханронӣ муҳимтарин ҷузъиётро баён дошт, ки ислоҳоти мунитсипиалӣ, аз ҷумла роҳбурди кор аснои фаъолият дар ширкатҳои офшорӣ аз аслитарин нуқтаҳои он маҳсуб меёфт.

Путин имсол ҳам чун як соли қабл паёмашро мустақилона омода мекунад, менависад РИА Новости дар такя ба иттилои манбаъ дар дастгоҳи райисҷумҳур. "Президент ба омода кардани паёми солона машғул аст. Мисли соли гузашта, онро худаш тайёр мекунад. Дуруст аст, ки барояш таҳлилгарону коршиносон мавод омода мекунанд, агар ӯ инро бихоҳад. Аммо дар маҷмӯъ фақат президент медонад, ки чӣ мегӯяд",- гуфт манбаъ ба хабаргузорӣ.

Суханронии Путин соати 12-00 ба вақти Маскав дар толори Георгиеви Кремл дар  ҳузури 1,1 ҳазор даъватшудагон дар назар гирифта шудааст. Инҳо- аъзоёни Шӯрои Федератсия ва депутатҳои Думаи давлатӣ, аъзоёни ҳукумат, роҳбарони Додгоҳҳои Олӣ ва Конститутсионӣ, губернаторҳо, раисони маҷлисҳои минтақавии ФР, намояндагони созмону ҷамъиятҳо ва хабарнигорон мебошанд.

Дар соли 2014 паёми Путин ба парлумонро минтақаҳои нави ба Русия шомилшуда- Қрим ва Севастопол низ гӯш мекунад.

0
Барчаспҳо:
1,1 ҳазор, Левада, Кремл, Георгиев, ироа, паём, Путин, парлумон