Умарали Кувватов. Архивное фото

Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул

4
(Таҷдидшуда 09:08 22.12.2014)
Кормандони мақомоти амниятии Туркия ҳамчунин се ҳамроҳи Қувватов ва санаду роёнаҳоро низ бурдаанд.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Умаралӣ Қувватов дар пайи як занги телефонии шахси номаълум рӯзи 19 декабр боздошт шудааст,  менависад Надежда Атаева, роҳбари анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" дар блоги худ.

Ба гуфти вай, Қувватов рӯзи 19-уми декабри соли 2014 зимни занги телефонии як шахси беном боздошт шудааст. Наздикиҳои соати 8-30 субҳ ба манзиле, ки Умаралӣ Қувватов дар он бо оилааш зиндагӣ мекард, 7 нафари мулкипӯш ворид шуда, пурсидаанд: "Шумо, Қувватов Умаралӣ?" ва бидуни шарҳе ӯ ва се узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро, ки дар манзили ӯ будаанд, бо худ бурдаанд. Манзил кофтуков шуда, бе ягон рӯйхат оргтехника ва ҳуҷҷатҳои зиёди марбут ба фаъолиятҳои сиёсии раҳбар бурда шудаанд.

"Қувватовро корманди Хадамоти амнияти Туркия зимни як занги телефонии номаълум боздошт кардаанд. Кӣ ва аз куҷо занг задааст, маълум нест. Дар ҷараёни бозпурсӣ Қувватов шунидааст, ки аз боздошти ӯ ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия хабар дода шудааст. Консул дар гуфтугӯи телефонӣ ба Қувватов пешниҳоди кӯмак кардааст, аммо Қувватов ба ҳукумати Раҳмон изҳори нобоварӣ намудааст. То ҳанӯз боздоштшудаҳо вакили ҳуқуқӣ надоранд ва намояндаи СММ низ пайдо нашудааст",-идома медиҳад  Надежда Атаева.  

Боздошти Қувватов дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ ба воситаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ аз мақомоти Туркия талаби паноҳандагӣ кардааст ва аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ташкили созмони тундгарои манъшуда ва даъватҳои тағйири низоми конститутсионии кишвар айбдор мекунанд. Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Дубай бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Мақомоти Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба дунбол изҳор доштанд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати "Фароз" парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Пас аз раҳоӣ аз маҳбаси Дубай муддате дар куҷо будани Қувватов номаълум боқӣ монд, аммо ӯ ва тарафдоронаш бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар идома медоданд.

Дар ҳамин ҳол, анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" аз Туркия даъват кардааст, дар робита бо Умаралӣ Қувватов ӯҳдадориҳои худро зимни Қатъномаи ҳуқуқи паноҳандагони СММ, Санади зидди шиканҷа ва бадрафторӣ ва қонунҳои адлияи Туркияро арҷ гузорад.

Ин анҷуман, аз ҷумла аз мақомоти Туркия хостааст, ки Умаралӣ Қувватов ҳамчун шахсе, ки барои мақоми паноҳанда ба Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ ариза додааст ва инчунин се шаҳрванди боздоштшудати Тоҷиикистон Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидов бо вакили мудофиа таъмин карда шаванд. Илова ба ин, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон талаб кардааст, ки ба намояндаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ имкони мулоқот бо боздоштшудаҳо фароҳам оварда шавад, зеро онҳо чунин як мулоқотро барои дастёфт ба ҳимояти байнулмилалӣ талаб кардаанд.

Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ" ёдовар шудааст, ки дар мавриди Умаралӣ Қувватов мақомоти Туркия мебоист, талаби Қатъномаи ҳуқуқи паноҳандагони СММ-ро дар бораи махфӣ мондани номи ӯ риоят мекарданд. Ин ниҳод ҳамчунин дар бораи боздошти раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов ва шарикони ӯ ба Вазорати умури хориҷии Туркия, намояндагии Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ дар Туркия ва Женева ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, монанди Ҳюман Райст Вотч ва Авфи Байнулмилал нома фиристодааст.

Мақомоти интизомии Туркия  гуфтаанд, ки Умаралӣ Қувватов "худро дар идораи пулиси минтақаи иқоматаш" сабт накардааст, ки хилофи қонун аст.  

4
Барчаспҳо:
бадрафторӣ, шиканҷа, дастгир, боздошт, мухолифон, гурӯҳи сеҷониба, Абдурашид Ҳомидов, Сӯҳроб Тӯраев, Ҳусейн Ашуров, Умаралӣ Қувватов, Истамбул, Туркия, Тоҷикистон