Заседание совета коллективной безопасности ОДКБ

Дар Маскав ҷаласаи Иттиҳоди гумрукӣ ва СПАД баргузор мешавад

25
(Таҷдидшуда 16:11 23.12.2014)
Сарони шаш кишвари аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар пойтахти Русия ҷиҳати баррасии масоил барои соли 2015 ҷамъ омаданд. Роҳбарии ин созмон дар соли оянда ба дӯши Тоҷикистон хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкории иқтисодии Авруосиё ва нишасти навбатии Шӯрои созмони Паймони амнияти дастаҷамъии ширкат мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар ҳамоиш ширкати раҳбарони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ дар назар аст.

Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё- мақоми миллии Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус буда, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 дар ҳамҷоягӣ бо Арманистон Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро созмон медиҳанд. Қирғизистон низ тасмими шомилшавӣ ба созмони мазкурро дорад.Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ- мақоми роҳбарикунандаи СПАД (Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистону Тоҷикистон) мебошад.

Ба қавли Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар нишасти сарони кишварҳои аъзои СПАД масоили марбут ба амнияти минтақа  баррасӣ гардида, дар поёни ҷаласа изҳороти муштарак қабул карда мешавад. Ба гуфти ӯ, вазъ дар Осиё Марказӣ, чолишҳои амниятӣ ва хатари паҳншавии терроризм дар ОМ, аз ҷумла ворид гардидани унсурҳои ифротгарои тариқи қаламрави Афғонистон ба маҳдудаи давлатҳои узви созмон низ дар изҳорот дарҷ хоҳад шуд.

Баъд аз ҷаласаи Шӯрои СПАД нишасти Иттиҳоди гумрукӣ ба кори худ шурӯъ мекунад. Ба иттилои Ушаков, аснои нишаст имзои санадҳои чандҷонибаи ҳамкорӣ дар назар аст, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳо дар бахши тиб ва кишоварзӣ. Инчунин, тасвиби буҷаи Иттиҳоди гумруки барои соли 2015 ва танзими фаъолияти ин сохтор баррасӣ мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар Маскав аллакай мулоқоти дуҷонибаи Владимир Путин, президенти Русия ва Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон пас аз бозгашти дуввумӣ аз Киев сурат гирифтааст. Пешвои Қазоқистон дар Украина изҳор дошт, ки Остона ба ҳамкории минбаъда бо Украина омода аст ва имконияти ворид кардани ангишту содироти ашёҳои металлӣ ва маҳсулоти ғизоиро аз Киев дорад.

Дар фарҷоми нишаст мулоқоти Путин бо ҳамтои қирғизаш дар назар гирифта шудааст. Зимнан, ҷонибҳо атрофи дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ва чораҳои мутобиқсозии иқтисоди Қирғизистон бо шароити ИИА (Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё) сӯҳбат мекунанд.     

25
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, мулоқот, нишаст, ҷаласа, Иттиҳоди гумрукӣ, ИИА, СПАД, Назарбоев, Лукашенко, Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Киев, Арманистон, Қирғизистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия, Маскав