Флаги России, ЕС, Франции и герб Ниццы на набережной Ниццы

Назарсанҷӣ: ИМА ва ИА дар ҳамоҳангӣ алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ карданд

14
(Таҷдидшуда 13:28 23.12.2014)
Тибқи назарсанҷие, ки оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik анҷом дод, 27 % аврупоиҳо гуфтанд, ИА таҳти фишори ИМА алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Пажӯҳиш аз ҷониби оҷонсии ICM Research дар даҳаи аввали моҳи декабр бо дархости Sputnik дар Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса сурат пазируфт.

Ба суоли оҷонсӣ дар бораи Иттиҳоди Аврупо чӣ тавр бар зидди Русия таҳрим ҷорӣ кард, 27 дарсади аврупоиҳо гуфтанд, ки ин таҳримот таҳти фишори ИМА сурат гирифтю 37 % дигар бошанд, ворид кардани таҳримотро алайҳи Русия кори ҳамоҳангии ИА ва ИМА медонанд.

Аз ҳама бештар дар Олмон (47 %) бар ин назаранд, ки ИА ва ИМА алайҳи Русия дар мувофиқа бо якдигар таҳрим эълон карданд. 22 % пурсидашудагон гуфтанд, Иттиҳоди Аврупо таҳти фишори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард.

Дар Фаронса баръакс, фақат 27 дарсад иброз доштанд, ки ИА ва ИМА таҳримҳоро алайҳи Русия ҳамоҳанг кардаанд, 33 % дигар бошанд, фишори ИМА-ро баъид медонанд.

Аз ҳама бештар дар ироаи посух сокинони Британияи Кабир душворӣ кашидаанд ва ин рақам баробар ба 17 % аст.

Ба суолҳои ҷомеашиносон беш аз  ҳазор нафар ҷавоб гуфтанд. Интихоб аз рӯи ҷинс, сину сол, ҷуғрофия сурат гирифта, фосилаи эътимод 3 % ва эҳтимолияти эътимод 95 %-ро ташкил медиҳад.

Тасвирбаён (инфографика)-и назарсанҷии таҳримҳои ИА ва ИМА алайҳи ФР
© Инфографика.
Тасвирбаён (инфографика)-и назарсанҷии таҳримҳои ИА ва ИМА алайҳи ФР

14
Барчаспҳо:
алайҳи Русия, таҳримот, таҳрим, ICM Research, ИА, Sputnik, ФР, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, ИМА, Русия